Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуқӯъи садамаи маргбор дар Эрон


Як садамаи автобуси мусофирбар бо мошини боркаш дар Эрон ҳадди ақал 26 кушта ва 18 захмӣ бар ҷой гузошт.
Хабаргузориҳо бо истинод ба телевизиони давлатии Эрон навиштаанд, ки мошини боркаш ба самти муқобили ҳаракат ворид шуда дар болои пул бо автобуси мусофиркаш бархурдааст. Автобус бо мусофиронаш аз пул сарозер шудаст.
Хабар ҳокист, ки ҳашт нафар дар ҷойи ҳодиса ҷони худро аз даст додаанд ва 18 нафари дигар дар маризхона вафот кардаанд.
Мусофирони автобус пас аз зиёрати ҷойҳои муқаддас дар Ироқ ба Исфаҳон бармегаштаанд.
XS
SM
MD
LG