Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармшавии иқлим: Боз камбағалро саг мегазад


Ин гузориш, гузориши дуввуми гурӯҳи байналмилалии таҳқиқи пайомадҳои тағйири иқлим аст. Ба гуфтаи ин гурӯҳ, мизони гази карбон, метан ва туршии азот, ки аз газҳои гулхонаӣ берун меоянд, дар таркиби ҷави замин ё атмосфера нисбат ба соли 1750 ба маротиб афзудааст. Донишмандон ҳушдор додаанд, ки то авохири садсолаи ҷорӣ ҳарорати ҳаво дар сайёра то 4 дараҷа боло хоҳад рафт, ки барои бисёре аз кишварҳои ҷаҳон авоқиби ногувореро дар пай хоҳад дошт.

Ин гузориш мегӯяд, гармшавии ҳаво ва тағйир ёфтани иқлими маъмулӣ кишварҳои фақири ду қораи Осиё ва Африқоро дар рӯбарӯи зарурати мубориза бо хушксолӣ, кам шудани ҳосили кишоварзӣ ва камбуди об қарор хоҳад дод ва бештар аз ҳама аз тағйири иқлим ҳамин кишварҳои фақир ранҷ хоҳанд кашид. Ва ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди коршиносони СММ, кишварҳои маъмулан сарватманди шимоли сайёра, ба мисли Канада ва Русия аз тағйири иқлим бурд хоҳанд кард. Аз ҷумла, аз ҳисоби бештар ҳосилхез шудани заминҳои кишт дар ин қаламрав.

Аким Стейнер, мудиромили барномаи муҳити зисти СММ дар робита ба гузориши нашршуда мегӯяд:
"Ман фикр мекунам, дар воқеъ фурсате фаро расида, ки мо ҳамчун ҷомиаи ҷаҳонӣ амал кунем, то ҳама тавонанд бурд кунанд."

Мартин Ҳиллер, масъули бахши иртиботот дар Бунёди ҷаҳонии ҳифзи вуҳуш аҳамияти таҳия ва нашри гузориши СММ дар бораи пайомадҳои тағйири иқлимро чунин тавзеҳ кард:
"Ин гузориш фавқулодда муҳим аст, чунки ҳама хатарҳои ношӣ аз тағйири иқлимро ба таври мустанад бармешуморад."

Қарор аст, дар соли ҷорӣ СММ пиромуни масоили тағйири иқлим дар маҷмӯъ 4 гузориш нашр кунад. Гузориши аввали коршиносони СММ, ки моҳи феврал ба табъ расид, мегуфт, гармшавии сайёра ба эҳтимоли ғолиб пайомади фаъолиятҳои инсон будааст. Гузориши дуввум роҷеъ ба чолишҳои ношӣ аз тағйири иқлим ба амнияти ҷаҳон, ки рӯзи 6 апрел нашр шуд, рӯзи 17 апрел дар Шӯрои Амнияти СММ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Масоили тағйири иқлим ва гармшавии ҷаҳон ҳамин тавр дар Русия низ як мавзӯъи вирди забони маҳофили бахусус муҳитизистӣ ва табиатшиносист.

Александр Кислов, профессори донишгоҳи давлатии Маскав ба ақидаҳои гурӯҳи Созмони Милали Муттаҳид мувофиқ аст:
«Аз ҳама муҳим ин аст, ки газҳои гулхонаӣ ва метан дар ҷавви замин афзоиш ёфтааст. Ин як омори санҷидашуда аст, ки ба он баҳс кардан бефоида аст.»

Аммо ӯ мӯътақид аст, ки инсон ба тағйири иқлим зиёд даст надорад. Ба гуфтаи оқои Кислов, тайи даҳсолаҳои ахир сайёраи Замин ду даврони тағйири иқлимро пушти сар гузоштааст.
«Дар замин ду даврони тағйири иқлим мушоҳида шудааст. Даврони аввал дар солҳои чилуми асри гузашта, ки гармӣ дар минтақаи қутби шимол мушоҳида шуд, ва гармшавии кунунӣ, ки чуноне шумо мебинед, дигар аст. Ҳоло гармшавӣ дар арзҳои миёна мушоҳида мешавад.»

Александр Минин, доктори улуми биология мегӯяд, ки тайи як садсола ҳарорати курраи замин камтар аз 1 дараҷа гармтар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин дар ҳолест, ки интизороти донишмандон дигар буд.
«Дар қарни 20 болоравии ҳарорати ҳаво тақрибан 0,6 дараҷаро ташкил кардааст. Аммо донишмандон то 1,5 -2 дараҷа гармшавиро пешгӯӣ мекарданд. Чуноне ки мо мебинем, болоравии ҳарорати ҳаво чандон зиёде нест. Дар Русия ҳарорати ҳаво 1 дараҷа боло рафтааст.»

Аммо Александр Химинков, донишманди хокшинос ба гуфтаҳои оқои Минин мувофиқ нест ва мегӯяд, раванди гармшавӣ ҳамчунон идома пайдо хоҳад кард.
«Донишмандон ба хулосае омадаанд, ки ин раванде, ки ҳоло ҳаст, дар оянда низ ҳифз хоҳад шуд. Агар ҳарорати ҳаво 1 дараҷа сард шавад, хоки замин низ 0,3 дараҷа сард мешавад.»

Гурӯҳи байналмилалии таҳқиқи масоили тағйири иқлимро СММ ҳанӯз соли 1988 таъсис додааст. Ин гурӯҳ тақрибан 2500 донишманд аз кишварҳои мухталифро фаро мегирад. То кунун муҳимтарин хулосаи таҳқиқоти анҷомдодаи коршиносони СММ ин аст, ки фаъолиятҳои инсон далели аслии рӯ ба гармшавӣ ниҳодани иқлими ҷаҳон шудааст ва рушди саноат ва ҳамин тавр, афзоиши мизони ба ҳаво партоб шудани газҳои гулхонаӣ иллати аслии чунин амр будааст.
XS
SM
MD
LG