Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин истодгоҳи ҳавоӣ дар Осиёи Марказӣ


Дар Алмаато бори нахуст дар Осиёи Марказӣ смарт- паркинг ё истодгоҳи ҳавоии мошинҳо мавриди истифода қарор гирифт. Ин таваққуфгоҳҳо шабеҳи аттраксион ё чархофалакҳоянд ва то ба 10-13 метр баландӣ доранд. Дар ҳар бахши таваққуфгоҳ мошинҳо болои ҳам ҷой мегиранд ва чархофалак ба таври автоматӣ болову поин мешавад.

Ба ҳамин тариқ, дар ҷое, ки танҳо ду мошин нигаҳдорӣ мешуданд, тавассути истодгоҳи ҳавоии 14 тоннагӣ 10-12 мошин бидуни мушкил ҷой мегиранд. Чунин хидматрасонӣ назар ба истодгоҳҳои муқаррарии мошинҳо нархи баландтар дорад. Масалан, арзиши як ҷой дар смарт- паркинг то 15 000 доллар аст. Вале бо пардохти ин маблағ ронанда барои мошин ҷои доимӣ пайдо мекунад ва аз ташвиши дар кӯча гузоштани аспи оҳанинаш халос мешавад.

Аз ин хотир, ба Наиля ном ҳампешаамон, ки дорои мошини сабукрав аст, смарт- паркинг писанд аст. Наиля мегӯяд, чун дар Алмаато мошин басо зиёд ва шумораи он дар шаҳри 1,5 миллионнафара анқариб ним миллион аст, пайдо кардани ҷои мошинмонӣ басо мушкил аст ва бисёриҳо мошини хешро дар кӯчаю назди хонаҳояшон мегузоранд, ки ин хатарнок аст. Наиля таъкид мекунад, ки бо пардохти ин нарх мошини ту дар ҷои бехатар қарор мегираду хотират ҷамъ мегардад.

Лозим ба таъкид аст, ки дар Алмаато --пойтахти ҷанубии Қазоқистон таваққуфгоҳҳои муқаррарии мошинҳо тадриҷан ҷои хешро ба паркингҳо, ки дар маҳалҳои истиқоматӣ ва фурӯшгоҳҳои бузург ҷой гирифтаанду баъзеашон чандошёна ҳастанд, дода истодаанд. Тибқи барномаи вижаи шаҳрдорӣ, таи ду сол, яъне, то охири соли равон дар шаҳр барои 240 000 мошин истодгоҳҳо бунёд карда хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG