Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи ваҳшиёна ба як тоҷик дар Маскав


Шоми рӯзи шанбе мухлисони футбол, ки аз варзишгоҳи "Динамо" бармегаштанд, як шаҳрванди Тоҷикистонро латукӯб ва шадидан захмӣ кардаанд. Аз ҷумла сари ӯ шикофта шуда ва чанд қабурғааш низ шикастааст. Пизишкон мегӯянд, ду ҷои косахонаи сари ӯ аз зарби ашёи оҳанӣ шикастааст.

Ҳамла ба шаҳрванди Тоҷикистон дар соати панҷи шом дар Маскав, дар истгоҳи метрои "Новокузнетск" (минтақаи асосии фурӯши чиптаҳои ҳавопаймои Тоҷикистон) ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳанӯз иттилоъе доир ба боздошти гумонбарон нарасидааст. Дар варзишгоҳи "Динамо" дастаи ҳамноми варзишгоҳ бо дастаи "Локомотив"-и Маскав дидор карда карда ва бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.
XS
SM
MD
LG