Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамшед бо Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ


Аз кишварҳои шуравии собиқ кам филмсозоне метавон пайдо кард, ки бо комёбии худ дар арсаи байналмилалӣ дар радифи Ҷамшед қарор бигиранд. Солҳои ахир филмҳои вай аз озмунҳо ё ҷашнвораҳои байналмилалии синамо тақрибан бе ҷоиза нарафтаанд. Барои намуна фақат ин нуктаро ёдоварӣ мекунем, ки филми вай бо номи "Парвози Занбур", ки соли 1998 ба бозор омадааст 13 ҷоизаи байналмилалӣ ва филми "Фариштаи кифти рост", ки соли 2002 таҳия шудааст, беш аз 10 ҷоизаи байналмилалӣ ба даст овардааст.

Гулнора Абикеева-раиси иҷроии фестивол ё ҷашнвораи байналмилалии Авруосиё , ки бо Ҷамшед дар чанд ҷашнвораи байналмилалӣ, аз ҷумла дар ҷумҳурии Чех, дар Алмаатои Қазоқистон ва дар Душанбе дар ҷашнвораи "Дидор" бо ҳам ширкат кардаанд, дар бораи филмҳои Ҷамшед Усмонов чунин мегуяд:


"Бубинед, чӣ гуна кори камназир аст. Ҳар филмеро, ки вай руи навор меорад, масалан, "Парвози занбур", дар муҳлати кутоҳ дар 20 ҷашнвораи байналмилалӣ ширкат мекунад, ҷоизаҳо ба даст меорад. Филми "Фариштаи кифти рост" ҳам дар ҷашнвораҳои зиёд ширкат мекунад ва ҳамин гуна барандаи ҷоизаҳо мешавад. Филми "Биҳишт фақат барои мурдагон" ба ҷашнвораи байналмлалии КАН роҳ меёбад. Ин ягона филме аз кишварҳои Осиёи Марказист, ки дар ин ҷашнвора ба намоиш даромадааст. Ба ҳар филмсоз муяссар намешавад, ки ба ин пояи ифтихор бирасад. Ҳар филм як марҳалаест ва ҳар филмашро интизор мешаванд".

Тонӣ Арно-яке аз ҳамкорони Ҷамшед дар Пориси Фаронса низ мегуяд, Ҷамшед яке аз беҳтарин коргардонҳои синамо шинохта шудааст:


"Ҷамшед коргардон ва филмноманависи бисёр хуб аст. Дар Фаронса бештар синамои хусусиву ҳирфаӣ машҳур аст. Ман фикр мекунам, ки Ҷамшед синаморо метавонад оммавӣ ва машҳур созад ва ба он ҷанбаҳои ҳунарӣ бахшад".

Вақте, ки мо Ҷамшедро телефонӣ пайдо кардем, вай дар берун аз Порис машғули таҳияи филми навбатиаш буд. Вай нахост қабл аз вақт асрори филми нави худро боз кунад. Вале гуфт, ки ҳамаи филмҳояш аз рузгор сарчашма мегиранд:


ҶУ: Мавзуъи ҳамаи филмҳои ман қариб як хеланд. Мавзуъ иваз намешавад, мавзуъи зиндагӣ, чизе, ки мебинӣ, чизе, ки ҳис мекунӣ. Аз филми аввал то охир ман дар бораи он нақл мекунам, ки одам бояд чӣ кор кунад вақте, ки бо бадӣ ру ба ру меояд. Ё бадиро интихоб мекунӣ ё некиро, яъне дар бораи табиъати инсон. Қиссаҳои филми ман аз бобокалонам мондаанд. Масалан, филми "Парвози занбур" 150 сол пеш ба сари бобокалонам омадааст. Ман онро гирифтам ва ба имруз мутобиқ кардам. Ё филми "Фариштаи кифти рост" қиссаи модаркалонам буд. Инҳо ҳама қиссаву ривоятҳои оилаанд. Вақте, ки кудак будам, модаркалонам ва модарам ба ман нақл мекарданд. Дар ёдам мондааст. Ин ҳам боигарист"...


Аз Ҷамшед мепурсам, ки дар оғози фаъолияти ҳунариаш ҳангоми таҳияи филм ё наворбардории он дар деҳи дурдасти куҳистонӣ оё дар гушаи хотираш метавонист фикреро ҷой диҳад, ки замоне филмаш дар арсаи байналмилалӣ ин қадар шуҳрат пайдо мекунад ва яке аз асарҳои беҳтарини синамои ҷаҳон шинохта мешавад ё дар ҷашнвораҳои байналмилалии синамо барандаи ҷоиза мешавад?


ҶУ: Вақте, ки кор мекунӣ, дар бораи чизи дигаре ба ҷуз аз кор андеша карда наметавонӣ. Кор бисёр аст, шабу руз кор мекунӣ. Ман, масалан, вақти филмбардорӣ дар шабонаруз се чаҳор соъат хоб мекунам ва ин се чаҳор моҳ давом мекунад.
- Оё дар қадаҳои нахустин боварӣ доштед, ки ҳамин филматон ба ҳамин гуна муваффақият ноил мешавад?
- Ман дар ин бора фикр намекардам. Фикри ман ин буд, ки як қиссае офарам, ки ҳақиқат бошад ва зебо бошад. Мисли шеър бошад, мисли ғазалҳои Ҳофиз ва Румӣ. Инро мехостам. Вақте, ки чизи зебо месозӣ, он роҳашро меёбад.

- Ва нахустин ҷоизаатонро чӣ тавр қабул кардед?
- Нахустин ҷоизаро дар Тесталоники Греция (Юнон) барои "Парвози занбур" гирифтам. Бисёр аҷоиб буд.
- Албатта, ғйричашмдошт буд?
- Ҳамеша гирифтани ҷоиза дар ҷашнвораҳо ғайричашмдошт аст. Як чизи дигар дар бораи "Парвози занбур" ёдам омад. Ман дар Шветсария будам. "Парвози занбур" дар он ҷо ҷоиза гирифт. Вақти супоридани ҷоизаҳо раиси конфедератсияи Шветсария хонум Ротшилд дар бораи филмҳои ғолиби ҷашнвора суҳбат карданд ва дар зимн чунин гуфтанд: "Ман суруди милии Тоҷикистонро қариб аз худ кардам". Дар охири "Парвози занбур" мо ҳамин сурудро гузоштаем, бачаҳо хор мехонанд. Барои ман ин суханони таъсирбахш буд. Ман қариб монд гиря кунам.

- Яъне, ки вақти қабули ҷоизаҳо одам зери таъсири муҳит меравад, дар берун аз Ватанаш дар миёни беҳтарин таҳиякунандагони ҷаҳон, ба хусус вақте, ки дар радифи онҳо ва дар миёни онҳо қарор мегирад?

- Бале, вақте, ки дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ, масалан, дар ҷашнвораи КАН ё ҳамин хел дар Торонтои Конодо ё дар Лондон ё ҷои дигар филмҳои бисёре аз Аврупову Амрико ё Ҷопон ширкат мекунанд, як филми тоҷикӣ ҷоиза мегиад, ман мегуям, ки дидед, мо майда ҳастем, вале бақувват ҳастем. Мефаҳмед, ки ман чӣ мехоҳам гуфтан?

-Бале, бале.
- Албатта, чунин ҳолат дар ман фахрро барои Тоҷикистон бедор мекунад, ки Тоҷикистон ҳаст ва дорои ҳунар аст. Румӣ як ғазал дорад, ки мегуяд:

Ту кай донӣ, ки дар ботин чӣ шоҳи ҳамнишин дорам,
Рухи заррини ман мангар, ки пои оҳанин дорам.

Мо тоҷикон потенсиали зиёд дорем. Фарҳанги қадим дорем. Аммо муттаассифона синамо бадбахтарин санъат аст, зеро барои филмбардорӣ пул лозим. Нависанда метавонад дар хонааш китоб нависад, ба вай чизи зиёд даркор нест. Агар мехоҳад чизе хурад, мехурад ва агар мехоҳад сигор кашад, сигор мекашад. Чизи зиёд зарур нест ба вай. Аммо барои филм гирифтан бояд ҳафтод то сад кас кор кунад.

- Ва шумо медонед, ки бисёре аз филмсозону коргардонони синамо ба шумо пайравӣ мекунанд ва як навъ мактабе, мактаби Ҷамшед Усмонов ба вуҷуд омадааст?

- (Ҷамшед механдад ва идома медиҳад...) Ман дар ин бора фикр накардаам, лекин ягон-ягон нишонаҳои онро ҳис мекунам. Ба наздикӣ дар Шветсия будам, дар як ҷашнвора. Як коргардони ҷавон аз Ироқ он ҷо будааст. Бо ҳам суҳбат мекардем. Гуфт, ки дар бораи Тоҷикистон филми хубе дидааст. Ман пурсидам, ки кадом филм? Гуфт, фалон филм. Гуфтам, ки коргардони ҳамон филм ман ҳастам.

-Яъне кадом филм?
-"Фариштаи кифти рост". Дар Ироқ намоиш дода будаанд. Вай бисёр дар ҳаяҷон буд, ки маро дид, ғоибона мешинохтааст...
-Ин, албатта, барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон гуворост... ва агар мумкин бошад бигуед, ки то ҳол чанд филм таҳия кардаед?

-Чаҳор филм. Филми панҷум дар ҳоли таҳия аст. Як чизи дигар ёдам омад... Вақте, ки дар Норвегия филми "Фариштаи кифти рост" ба намоиш медарояд, як пирзани ҳаштодсола онро тамошо мекунад. Аз филм хушаш омадааст ва хостааст ба Тоҷикистон равад, ба Ашт. Ман филмро он ҷо ба навор гирифта будам. Хостааст бо мардуме, ки дар филм ҳастанд, ошно шавад. Вале пирӣ имкон надодааст... Писарашро фиристодааст. Модарам ба ман гуфтанд, як руз нишаста будем, ки бо чанд мошин меҳмонҳо омаданд ва ҳамон писари пирзан гуфтааст, ки модараш уро фиристодааст, то аз модари ман фотеҳа гирад. Ин чиз барои ман ҳаяҷоновар буд ва маро хурсанд кард.


Гулнора Абикеева-раиси иҷроии ҷашнвораи синамои Авруосиё мегуяд, Ҷамшед Усмонов-синамогари ҷавони тоҷик бо филмҳояш ба Тоҷикистон эътибори байналмилалӣ бахшидааст:


"Синамогарон, ононе, ки дар бораи Тоҷикистон филм таҳия мекунанд, бо кушиши шумораи ками ҳамин гуна одамон ҷаҳон бо ин кишвар ошно мешавад. На танҳо бо кишваре, ки ҷанги дохилиро аз сар гузарондааст ва баъзе душвориҳои иҷтимоъӣ дар пай доштааст, балки бо ин миллати нодир ошно мешавад, миллате, ки дорои фарҳани ғанист, дорои суннатҳои хоси худ аст. Ба назари ман, ҳамин гуна одамон, ба вижа Ҷамшед бояд хушбахт бошанд, ки онҳо рисолати худро чун ҳунарманд ва шаҳрванди Тоҷикистон иҷро мекунанд".


Хонум Абикеева мегуяд, Ҷамшед барои бинандаи хос дар маҳдудаи хосе филм таҳия намекунад, балки парвози тахаюлоти Ҷамшед ба қавле баландтар аз ин аст ва филмҳои вай ҷаҳонист.


"Ҷамшед на танҳо мехост, ки филмҳои вайро дар қаламрви кишварҳои Шуравии собиқ бубинанд ва бифаҳманд. Вай мехост ҷаҳониён филмашро бубинанд. Мо ҳама синамогарони Осиёи Марказӣ медонем, ки вай дар Фаронса аст. Агар росташро бигуям, мо ҳамеша филмҳои уро мунтазир мешавем, зеро медонем, ки ин филмҳо мавзуи дақиқу умқи фалсафӣ доранд ва ба завқи бинанда комилан муносибанд".


Ва боз бармегардам ба суҳбат бо Ҷамшед ва мепурсам , ки ҳамин чаҳор филмаш дар маҷмуъ чанд ҷоизаи байналмилалӣ бурдааст?

- О-о-о, намедонам, зиёд аст. "Парвози занбур"-ро ҳисоб мекардам ва медонам, ки 13 ё 14 ҷоиза гирифтааст. Филми дуввум бештар гирифт. Ҳоло ин филми нав "Биҳишт фақат барои мурдагон" чаҳор ҷоиза гирифтааст.

-Филме доред, ки ҷоизаи байналмилалӣ нагирифта бошад?
-Надорам...
-Ва кадом филматон камтарин ҷоиза бурдааст?
- Ҳоло ҳамин филми нав. Филм нав баромад.
- Дар чанд моҳ?
- Фикр мекунам дар панҷ моҳ.
-Ман фикр намекунам, ки ҳатто филмсозони номии ҷаҳон дар чунин муддат чаҳор ҷоиза гиранд?
- Не, мегиранд, мегиранд... Медонед, ҳоло барои ман ҷоиза зарур нест. Барои филми аввалинам зарур буд, бисёр ҳаяҷонӣ мешудам ҳангоме, ки ҷоиза мегирифтам. Ҳоло барои ман масъалаи муҳим ин аст, ки филмҳои ман дар кишварҳои ҷаҳон руи парда ояд, ҷаҳониён мардуми Тоҷикистонро бубинанд. Медонед, вақте, ки дар Нию Йорк амрикоиҳо нишастаанд ва руи пардаи синамо тоҷикӣ гап мезананд, ин зебост, ин кор аст...


Бозорёбии филм ё ба фуруш рафтани он дар бозорҳои ҷаҳонӣ шояд барои ҳар синамогар аз муҳитмтарин масъала бошад, зеро он заминаи молии кор ё комёбии баъдиро фароҳам месозад. Дар кишварҳои Ғарбӣ ва Аврупоӣ давлат дар бахши синамои бадеӣ сармоягузорӣ намекунад. Агар филм бозоргир бошад, яъне бинанда пайдо кунад, талошҳои синамогар бар ҳадар намеравад. Аз Ҷамшед мепурсам бозорёбии филмҳояш чӣ тавр аст?
- "Парвози занбур" филми аввалини ман ва филми охирини Тоҷикфилм буд. Баъд аз он Тоҷикфилм баста шуд. Кайфияти техникии филм чандон хуб набуд. Фақат Олмон онро аз мо харид. Вале "Фариштаи кифти рост" -ро 27 кишвар, ҳатто Исроил, Мексика ва амсоли он хариданд. Филми охир дар фуруш аст. То ҳол шаш кишвар харидаанд. Бо вуҷуди ин барои эҷодкор ҳамеша душвории молӣ ҳаст. То пул меёбӣ, ки як ё ду сол мегузарад.

- Ва оё дар ҷаҳони синамо рақобатро эҳсос мекунед?
- Бале. Медонед, фақат дар худи Фаронса чанд ҳазор коргардони синамо ҳастанд. Қисми зиёди онҳо кор намекунанд, барои он ки пул пайдо карда наметавонанд. Ё дар Амрико ҳам ҳам ҳамин хел. Масалан, меравӣ ба як муассиса, мегуӣ, ки мехоҳӣ филмеро таҳия кунӣ, филмномаатро пешниҳод мекунӣ. Лекин ба ҷуз аз филмномаи ту онҳо шояд сад филмномаи дигар доранд.


Ҷамшед Усмонов январи соли 1965 дар Ашт ба дунё омадааст. Насибҷони Амонӣ-рузноманигори шинохтаи тоҷик, ки бо Ҷамшед дар Ашт ҳамсоягӣ доранд, ҷавонии Ҷамшедро ин гуна ба ёд меорад:


"Ҷамшед аз ҷавонӣ ҳамеша ба мутолеъаи китоб машғул буд. Ҳатто вақте, ки бо бачаҳо молчаронӣ мерафтанд, вай бо худ китоб мегирифт. Донишгоҳм ҳунари Душанберо хатм кард. Дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон барои мардикорӣ ба Маскав рафт. Дар сахттарин ва сардтарин шароит пул кор мекард. Ҳамзамон дар фарҳангистони ҳунар назди устодони машҳур сабақ мегирифт ва пулашро барои такмили ҳунараш сарф мекард. Вақти худро дар китобхонаҳо мегузаронд".


Баъд аз комёбии "Парвози занбур" Ҷамшед Пориси Фаронсаро барои равнақи кори худ муносиб донист, шаҳреро, ки суннатҳои ғании синамогарӣ дорад. Бо вуҷуди ин вай филмҳояшро дар Тоҷикистон руи навор меорад ва мегуяд, ки ҳамеша "бо Тоҷикистон" будааст.

Ҳам худи Ҷамшед ва ҳам коршиносон мегуянд, яке аз комёбиҳо ин аст, ки нақшҳои аслиро дар филмҳои вай мардуми оддии деҳ бозӣ мекунанд, ки дар рафтору гуфтори онҳо саросар самимияти воқеъӣ эҳсос мешавад.
XS
SM
MD
LG