Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи нав дар саҳнаи сиёсии Афғонистон


Рон Зиновитс Дар Афғонистон як эътилофи нави сиёсӣ таъсис шудааст, ки аъзои ҳукумати феълӣ, вакилони мухолиф, коммунистҳои собиқ, муҳоҷиддине, ки ба зидди коммунистон ҷангидаанд ва ҳатто набераи Шоҳи Афғонистон Зоҳиршоҳ шомиланд. Ин эътилофи нав Ҷабҳаи Миллӣ ном гирифта ва аъзои он собиқ раиси ҷумҳури Афғонистон Бурҳониддини Раббониро раҳбари эътилоф интихоб кардаанд.

Муассисони Ҷабҳаи Миллӣ мегӯянд, эътилофи нав нерӯи сиёсии мухолиф ба давлат нест, агарчӣ Бурҳониддин Раббонӣ яке аз чеҳраҳои аслии мухолифи давлатро раиси он интихоб кардаанд. Бурҳониддини Раббонӣ то соли 1996 то замони ишғоли Кобул аз тарафи Толибон раиси ҷумҳури Афғонистон буд. Вай ҳамчунин раиси Ҷамъияти Исломӣ гурӯҳи сиёсии исломӣ аз шимоли Афғонистон аст, ки дар канори нерӯҳои амрикоӣ барои сарнагун кардани Толибон ҷангидааст. Бурҳониддини Раббонӣ ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, ки Ҷабҳаи Миллӣ ба хотири мубориза бо фасодкорӣ ва расидагӣ ба дигар хатарҳо дар Афғонистон аст:


"Заъфу нотавонии давлат дар ҳалли бӯҳронҳо, зуҳури меҳварҳои мофиёии фасод, таҳдиди ҷиддии амниятиро мутаваҷҷеҳи кишвар сохтааст. Ин авзоъ ҷамъе аз аҳзоб ва шахсиятҳоро водор намуд, дар ҳалли мушкилоти миллӣ шоҳид ва нозир боқӣ намонда ва бо эҷод ва ташкили Ҷабҳаи Миллӣ як меҳвари ҳамкории муштаракро ташкил ва ба кори муштарак оғоз намоянд."


Дигар аз аъзои Ҷабҳаи Миллӣ низ мегӯянд, ки мехоҳанд қонуни асосии Афғонистонро, ки аз тарафдории ҷомеаи байналмилал бархурдор аст, тағйир диҳанд. Онҳо далел меоранд, ки бояд салоҳиятҳои порлумон бештар ва қудрати раиси ҷумҳур камтар шавад. Аъзои эътилоф пешниҳод доранд, ки дар Афғонистон низоми идории порлумонӣ таъсис шавад, ки дар он вакилони мардумӣ нахуствазирро интихоб мекунанд. Дигар хоста ин аст, ки қудрати раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай ба андозае коста шавад, ки ӯ танҳо як нақши ташрифотӣ дошта бошад.


Баъзе аз мушовирони худи Ҳомиди Карзай ва аъзои бонуфузи ҳукумати ӯ ба Ҷабҳаи Миллӣ пайвастаанд, аз ҷумла Исмоил Хон вазири обу энержӣ, раҳбари ситоди нерӯҳои мусаллаҳ генерал Абдулрашид Дустум ва ноиби аввали раиси ҷумҳури Афғонистон Зиё Масъуд бародари фармондеҳи фақид Аҳмадшоҳи Масъуд.
Дигар аз вакилони мухолиф ва шинохта дар порлумони Афғонистон раиси порлумон Муҳаммад Юнуси Қонунӣ аз пайвастани худ ба созмони Ҷабҳаи Муттаҳид эълом дод. Муҳаммад Қасими Фаҳим вазири пешини дифоъи Афғонистон низ дигар аз аъзои созмон шудааст. Ҳамингуна Мустафо Зоҳир раиси кумиссиёни муҳитзисии Афғонистон ва набераи Зоҳиршоҳ шоҳи собиқи ин кишвар.


Алӣ Аҳмад Ҷалолӣ вазири пешини умури дохила дар ҳукумати Ҳомиди Карзай ба Радиои Озодӣ гуфт, ки давлати Афғонистон натавонистааст, ки барои иҷрои барномаҳои Ҳомиди Карзай эътилофи муттаҳидеро таъсис диҳад. Ба гуфтаи ӯ, феълан ба хотири даст ёфтан ба қудрати бештар гурӯҳҳои гуногуне дар остонаи интихобот ба ҳам меоянд:

"Дар шароити феълӣ мардум як каме маъюс ҳастанд дар Афғонистон. Бино бар ин ба хотири истифода аз ҳамин ҳолат ин гурӯҳҳо ба ҳам ҷамъ мешаванд ва худро муаррифӣ мекунанд, ки инҳо метавонанд, дар қисмати таъмини хоҳишоти мардум муассир воқеъ шаванд."

Аммо ба андешаи таҳлилгарони сиёсӣ ва соҳибназарони дигар Ҷабҳаи Миллӣ то дер пойдор нахоҳад буд. Сардор Муҳаммад Раҳмоноғлу вакили порлумон, ки узви Ҷабҳаи Миллӣ нест, мегӯяд, аъзои ин ҷабҳа на идеоложии ягона, балки масоили гуногуни сиёсиро матраҳ мекунанд. Ба қавли Раҳмоноғлу, Ҷабҳаи Миллӣ, ки ҳадафаш даст ёфтан ба манофеи кӯтоҳмуддати сиёсист, аз ҳам хоҳад пошид. Ба андешаи ӯ баъзе аз сокинони шаҳри Кобул низ мувофиқанд. Оқои Юсуфӣ як сокини ин шаҳр ба Радиои Озодӣ гуфт, интизор надорад, ки Ҷаҳбаи Муттаҳид то дер пойдор бимонад:


"Имконоти боқӣ мондани ин эътилоф ба назари ман номумкин аст, ба хотири ин ки чеҳраҳои узви эътилоф ихтилофоти бисйор амиқ доранд ва манофеъи аҳзоби онҳо ҳам аксаран фарқ доранд."


Сокини шаҳри Ҷалолобод Гулраҳим Шер низ мегӯяд, ки ҳадафи созмони сиёсии нав зоҳиран танҳо дастёбӣ ба манофеъи сиёсии кутоҳмуддат аст. Ба андешаи Зиё Раҳмон сокини вилояти Нангарҳор ҳеҷ далеле барои кам кардани салоҳиятҳои раиси ҷумҳури Афғонистон нест, аммо мегӯяд ӯ агар ҷабҳаи муттаҳид дар пас аз хуруҷи шӯравӣ дар соли 1989 таъсис мешуд, метавонист аз қурбониҳову ранҷи зиёд дар Афғонистон ҷилавгирӣ кунад.
Ҷабҳаи Миллӣ мегӯяд, ки Бурҳониддини Раббонӣ то шаш моҳ раис мемонад ва сипас аъзои дигар ба навбат ин созмонро раҳбарӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG