Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Осорхонаи Бритониё ба Президенти Тоҷикистон


Сухангӯйи Осорхонаи Бритониё Ҳанна Бултон рӯзи панҷшанбе гуфт, ин осорхона аз фарҳанги ҷаҳон намояндагӣ мекунад. Вай афзуд, "ҳарчанд ҳанӯз дархости расмии ҳукумати Тоҷикистонро нагирифтааст, вале пешопеш метавонад, ба он посух диҳад, ки аминони осорхона зидди ҳама гуна бозгардонии ашёи он мебошанд, зеро ин амал вазифа ва маъмурияти осорхонаро косте мекунад."

Хонуми Бултон дар посух ба талаби раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, "ҳатто дақиқ нест, ки ин осор аз Тоҷикистон маншаъ гирифта бошанд, чунки ба империяи Эрони бостон марбут аст ва ҳеч кас ҷойи дақиқи кашфи хазинаро нишон дода наметавонад."

Тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, бозгардони Дафинаи Ому ба Тоҷикистон кори хеле сахт, вале имконпазир шумурда мешавад. Маҷмаъи умумии СММ аз бозгардони ёдгориҳои таърихӣ ба кишвари соҳибимтиёз пуштибонӣ мекунад, вале шартҳои муайяне мавҷуданд, ки бе иҷрои онҳо чунин бозгардон метавонад, ба вуқӯъ напайвандад.


Муҳимтарини онҳо макони дақиқи кашфи ин ёдгориҳо мебошад. Вале дар худи сомонаи интернетии Осорхонаи Бритониё гуфта шудааст, ки ин моликият дар соҳили шимолии рӯди Оксус ё Амударё ба даст омадааст. Ин бори аввал нест, ки Тоҷикистон бозгардони Дафинаи Омӯро аз Бритониё талаб мекунад. Чандин сол пеш, раиси Бунёди Фарҳанги Тоҷикистон, шоира Гулрухсор низ талош варзида буд, масъаларо байнулмилалӣ кунад.
XS
SM
MD
LG