Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули ҳалоли косиби истаравшанӣ


Истаравшан Усто Ҷӯрабой Расулов ҳаштод сол дорад ва шаст соли умри худро ба чармгарӣ бахшидаст. Ӯ дар шаҳри Истаравшан яке аз кӯҳансолтарин чармгар аст, ки ҳамроҳи фарзандону наберагонаш пешаи аҷдодиашро идома медиҳад.

Ин ҳунармадон аз пӯсти ҷонварон бе истифодаи фанноварии ҷадид бо усули махсусе, ки аз садсолаҳо то ба имрӯз расидааст, чарм тайёр мекунанд ва сифати он дар шароити имрӯз аз чарме, ки дар корхонаҳо махсуси истеҳсоли бо таҷҳизоти муосири замонавӣ таҳия мешаванд чандон фарқ надорад. Усто Ҷӯрабой Расулов:

«Мо ҳама як намуди маводҳои кимиёиро истифода мекунем. Танҳо фарқ дар он аст, ки кори мо дасти асту онҳо тариқи дастгоҳҳои барқӣ чармро таҳия мекунанд. Аммо агар пӯсти нағз бошад чарми мо беҳтар таҳия мешавад.»

Ба гуфти Усто Ҷурабой Расулов, корӣ чармгарӣ хеле мураккабу миёншикан аст, зеро барои таҳияи як пӯсти гов 10 рӯз ва меҳнати 3 нафар лозим аст.

«Пӯстро мо аз қассоб мехарем ва дар об тар карда бо дастгоҳи махсус гӯшташро метарошем. Боз дар оби махсус 3 шабонарӯз тар мекунем ва баъд мӯяш тоза мешавад. »

Ҳамин тавр, пӯстро якчанд рӯз дар обҳои маводи кимиёи дошта тар мекунанду ҳар бор бо теғҳои махсус то маҳину ҳамвор гаштанаш метарошанд ва баъд ранг мекунанд. Дар солҳои қадим чармро бо решаи дарахти тут ранг мекардаанд.

«Баъд мо онро ранг мекунем. Номи рангаш нигразин, баъдан дар офтоб хушк мекунем ва барои нафису ҳамвор шуданаш боз коркард хоҳем кард.»

Вақте ки чарм таҳия шуд, он ба маҳсию мӯзадуз ва дигар хайётон фурӯхта мешавад. Қиммати чарм вобаста ба баҳои пӯст аст. Агар пӯсти гов 15 сомонӣ бошад чарми он 55 - 60 сомонӣ арзиш дорад.

«Ин касби ҳалол аст ва дар он ягон зарра ҳаромӣ нест. Пули ҳалолу покиза, тайёр мекунед хоҳед медиҳед нахоҳад намегирад. Харидораш доимо ҳаст, гап дар тайёр карданаш. То он рӯзе ки талабот ҳаст мо ин ҳунарамонро идома медиҳем.»

Ба гуфти амаки Ҷурабой, бо ин ҳунар тамоми умр зиндагӣ кардааст ва ӯ меафзояд, талаботи мардум дар ҳама солҳо ба чармгарӣ зиёд аст ва ғолибан чармгар бекор ва ё бе музд намемонад. Ин аст, ки ӯ ҳунарашро ба фарзандону шогирдон меомӯзаду онҳоро ҳамеша ба ростиву поквиҷдонӣ ҳидоят мекунад. Маҳкамбой фарзанди бузурги ӯ гуфт:

«Чаро ки пулаш бобаракат ва барои ҳамин ман ин касбро идома медиҳам.»

Ин дар ҳолест, ки феълан дар Истаравшан аз 100 оилаи чармгар танҳо 10 оила боқӣ мондааст, зеро дигарон бо машғул шудан ба тиҷорату соҳибкорӣ аз пешаи аҷдодии худ даст кашидаанд.
XS
SM
MD
LG