Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабқати каратэчиёни ҷавони тоҷик


Довари ин мусобиқот Баҳром Ҳамидов ба радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо 180 варзишгар дар ҳайати 13 даста аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат меварзанд.

То пахши гузориши мо ғолибон дар рақобатҳои инфиродӣ байни наврасон муайян шуданд. Варзишгари шаҳри Душанбе Миҷгона Исмоилова дар сабқати духтарон дар вазни то 35 килограмм ғолиб омад. Дар сабқати писарон душанбегиҳо - Икром Махсумов (то 40 кг), Шодмон Абдуллоев ( то 45 кг) ва намояндаи вилояти Суғд Акмалҷон Ҳасанов (то 55 кг) ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Сабқати бузургсолон идома дорад.

Хабари дигар. Рӯзҳои 7-уму 8-уми апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқоти ҷумҳуриявӣ байни ҷавонон дар риштаи гуштии самбо баргузор мешавад. Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо ширкати беш аз 200 паҳлавон аз манотиқи мухталифи кишвар дар назар аст. Миёни онҳо гуштигирони ҷавону моҳир Набимуҳаммад Хоркашев, Руслан Зарифбеков, Ҳотам Ашӯров, Хушбахт Назаров ва Сулаймон Сулаймонов ҳастанд.

Ва хабари охирин барои мухлисони футбол. Рӯзи 7-уми апрел даври севуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ шурӯъ шуда, 8-уми апрел ба анҷом мерасад. Пешсафи ҷадвали мусобиқот- «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо «Гвардия»-и Душанбе, «Динамо»-и Душанбе бо «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, CSKA «Помир»-и Душанбе бо «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа рақобат мекунанд.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG