Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Монеъаҳои рушди Тоҷикистон


Бародари арҷманд "Тоҷик аз Маскав",

Ба фикрам, аксарият ба хубӣ медонанд, ки сулҳи тоҷикон соли 1997 маҳз дастоварди назаррастарини раисҷумҳур Раҳмон ва хамтои ӯ аз мухолифин раҳматӣ ҷаноби Абдуллои Нурӣ аст. Бо ин ман гуфтанӣ, ки дар чунин ҳолатҳои муташанниҷ дигар хислатҳои инсонӣ аз донишу илм доштан волотаранд.

Бинобар ин, баъди пурра ба даст овардани қудрат ҷаноби Раҳмон бо гурӯҳи одамони боваринокаш (инҷо фахмидан мумкин, ки вай мачбур буд маҳалчигӣ низ бикунад) аз пайи амалӣ намудани мақсадҳои иқтисодиву иҷтимои шуд. Мушкил он аст, ки дар гурӯҳи бовариноки вай коршиносу мутахассисон каманд, вале ба ин нигоҳ накарда, давлат бо кумаки ташкилотҳои ҷаҳонӣ сатҳи фақрро дар кишвар поин фуровард. Ин дуюм дастоварди назарраси раисҷумҳур аст.

Ба ҳар ҳол, ман тарафдори ашадии он ҳастам, ки раисҷумҳур бояд имрӯз фикрронии худ ва атрофони худро дигар бикунад, гарчанд дар давраи шуравӣ тарбият ёфта бошад ҳам, мувофиқи замона ва талаботи ҷаҳонӣ кишварашро пеш барад, бештар мутахассисони ҷавони аз хориҷа тачрибаомӯхтаро ба кори давлат ҷалб намояд ва мусоидати бевосита ба ҷалби технологияҳои нав ва дастгирии соҳибкории хурду миёна намояд, хеле ваъзи мардум беҳтар мешуд. Бовар дорам хозир, ки мо ба як оромии сиёси ва рушди иктисоди-иҷтимоӣ ноил шудем, вақти табадуллоти ҷиддиву фаврӣ омадааст ва инҷо сустӣ ва дер кардани роҳбарияти давлат метавонад моро боз ба қафо монад. Албатта, ташаббусҳои фарҳангии раисҷумҳур дар вақтҳои охир боиси дастгирист, аммо ин набояд диққатро аз ҳалли масъалаҳои муҳимтарини иқтисодӣ дур бикунад.

Ҳақиқатан ҳам имконоти кишвар барои рушд хеле кам ҳастанд (як заводи алумин, пахта ва каме нерӯи барқ, аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ноҳамвор, сарбаста бо кишвари душман дар шимолу шарқ ва кишвари ҷангзадаи бародар дар ҷануб, саноати қафомонда, мардуми пароканда, ришваситонӣ дар ҳама ҷабҳаҳои ҷомеа ва ғайра) ва ба ин мушкилиҳои зиёд нигоҳ накарда, бо донишу таҷрибаи начандон васеъи идоракунии давлатии худ, раисҷумҳур ҳоло ҳам ба бисёр натиҷаҳои хуб ноил шудаанд. Албатта мумкин, ки кори раисҷумҳурӣ осон бошад, ман ҳоло намедонам чун ин вазифаро бар дӯш надоштааам J, лекин барои ин хизматҳояш ва аз ҳама бештар барои ҳисси баланди миллатдустиву ватанпарвариаш ман ба ҷаноби Раҳмон ташаккур мегӯям.

Хулоса он, ки БАРОИ РУШД КАРДАН мо, тоҷикон, бояд нигоҳи худро ба зиндагӣ дигар созем, тарзи муносибат ба ҳаёти худро тагйир диҳем, аниқтараш волоияти қонун ва якдигарро ҳурмат бикунем, фахри миллӣ ва ватандустӣ дошта бошем ва барои донишу одобомӯзӣ кӯшиш бинамоем. Ман хурсандам, ки шумо низ дар ин ҷиҳат бо ман ҳамфикр будаед ва омодаи фаъолона бо "рафтору гуфтору пиндори нек" ба сӯи натиҷаҳои дилхоҳ расидан ҳастед. Офарин! Ба дастгирии шумо тайёр ҳастам. Обод бошед!

Бо арзи сипос,

Ботур Қосимӣ (bqossimov@irex.az)
--------------------------------------
Монъеаҳои рушди ҷамъият мазҳаб аст!

Бо эҳтиром
Анор
--------------------------------------
Ба бародар Ботур Қосимӣ!
Бародари арҷманд, ман яке аз сабабҳои бадбахтиҳои мардуми тоҷикро маҳз дар Э. Раҳмон мебинам. Ноогоҳӣ (некомпетентность) ва нотавонии ӯ боис шуд, ки мардуми тоҷик ба ин ҳол гирифтор шуд. Ва чунин фикр доштанро ман як кори номардонае ҳисоб намекунам.
Лутфан бигӯед, ки чи кори хубе кард Раҳмон ба миллати тоҷик. Ба фикри ман, ҳеч. Сулҳ? Наход Шумо фикр кунед ки ин кори Раҳмон буда бошад. Он вақт Раҳмон бозичае беш набуд дар дасти Русия ва Ӯзбакистон.
Ва дар бораи маҳалгароӣ ё ҷамъ кардани хешу табор дар атрофи худ. Чаро не. Танхо ба як шарт агар онҳо сазовор бошанд, на мисли кадрҳои ҶАНОБИ ОЛӢ БЕСАВОД....
Ҷаноби Қосимӣ аз имконоти кишвар ҳарф мезанед, имконот аз кӣ пеш аз ҳама вобастааст, магар на аз ҶАНОБИ ОЛӢ? Оё осон аст кори президентӣ?
Ман пештар фикр мекардам ки не, ҳоло Э. Раҳмону Усуратҳоро дида фикр мекунам, ки бале хеле осон аст.
Ман дар як чиз бо Шумо ҳамфикр ҳастам мо, танҳо мо, фаъолона бо кори худ пеш аз ҳама ва бо гуфтану навиштан низ метавонем ба натиҷаҳои дилхоҳ бирасем.

ТОҶИК (аз Маскав)
----------------------------------------
Салом ба ҳамаи хонандагони ин саҳифа!
Банда, ростӣ, чизе навиштан намехостам, чаро? Барои он ки мо ҳазор гӯем ҳам ҳамон Аҳмади порина, чизе дигар намешавад ва гуфтанҳои мо таскиндиҳандаи диланду халос.

Аммо бародарон хеле хуб қайд карданд, махсусан Даврон ва Нуров, корманди собиқи дастгоҳи раиси ҷумҳур. Фикрҳояшон хеле бамаврид аст. Ҳангоме ки вазир аз як минтақа шуд, бояд ҷонишин ва кормандони он аз дигар минтақа бошанд. Чаро? Агар вазир ва ҳамаи кормандонаш аз як минтақа бошанд, ҳатман 98% коррупсионер хоҳанд буд ва агар ободии Тоҷикистон аз дигар давлатҳои хурд 80-100 қафо мондаем, чаро? Аввалан, Тоҷикистон худ кӯҳсор аст, ҷойҳои ҳамвор кам дорад ва барои сохтани биноҳои баландошёна номувофиқ аст, аммо боз дигар роҳҳои хушрӯву зебо кардани Тоҷикистон ҳастанд, лекин ҳамаи сарварон ба гуфти мардум "аждаҳор" шудагиянд. Вақте ки як корхона ё як бино дар план афтод, бояд ки камаш 10 мансабдор соҳиби хонаву мошин гардад, баъд албатта, мо обод намешавем. Имрӯз дар бораи ришва мегӯянд, ки дар мактабҳои олӣ ҳаст. Не, ин ҳатто аз ҳамон боло сар мезанад. Мансабҳо хариду фурӯш мешаванд. Бояд камаш 80-90 ҳазор доллар дошта бошӣ. Баъд албатта, хешу ақрабоятро ҷамъ мекунӣ, онҳо аз дигарон пул чинанд. Вале аз куҷо вазирон соҳиби ин қадар қасрҳои боҳашамат мешаванд бо он маоши хурд? Боз ҳамон мардум бечораву камбағал дар азоб.

Локин ба ҳар ҳол чӣ тавр мешавад Тоҷикистонро обод кардан?
Аввал, бояд маҳалгароӣ нест шавад.
Дуввум, мансабдорони "аждаҳошуда" ронда шаванд.
Сеюм, дӯстии бани вилоятҳо ва шаҳрҳо.

Имрӯз банда бо чашми худ мебинам, ки қариб 90 %-и ҷавонони Тоҷикистон чунин маҳалгароӣ мекунанд, ки гӯё писар ё падарашро кушта бошӣ. Тоҷикистон худ як давлати хурду ин қадар маҳалгароӣ ва гурӯҳбозӣ ҳатто дар давлатҳои бузург ва пешрафтаи ҷаҳон ба назар намерасад. То замоне ки маҳалгароиро аз байн набарем, бо ҳар роҳ ки бошад, давлати мо пеш намеравад. Ин буд фикрҳои шахсии ман дар бораи ин мавзӯъи пур аз дард.

Ҳақиқатгӯю Ҳақбин
---------------------------------------
Дуруд дӯстон!

Нахуст, барои бардоштани чунин мавзӯъи муҳим ва фикрҳои ҷолиб сипоси худро баён менамоям.

Ба саволи иштирокчӣ бо номи "Тоҷик" ҷавоб дода, гуфтаниам, ки мумкин сабаби камфаъолии ин баҳс дар он аст, ки ҳамагон хоҳу нохоҳ дар ин бора ҳар рӯз андеша мекунанд ва агар фикру пешниҳодҳое дошта бошанд, аллакай чандин маротиба дар бисёр ҷойҳо гуфтаанд. Азбаски ин гуфтаҳо аз тарафи одамони зарурӣ кам ба назар гирифта мешаванд ва амалӣ намегарданд, мардум ба қавле дилхунук гаштаанд.

Инчунин, бовар дорам, ки танҳо айбдорсозии раисҷумҳур ё маҳалгароӣ ба қафомонии миллат кори дуруст ё мардонае нест. Бо имконоти имрӯзаи кишварамон кори раисҷумҳурӣ низ осон наменамояд ва фасоду ришвагирӣ мансуби ягон маҳали аниқи мо нест, балки мутаассифона, дар тамоми ҷомеаи Точик решаи худро давондааст. Ба диққати шумо як кори таҳлилии хуберо расониданиам, ки агар забони англисиро бидонед, баҳраманд хоҳед шуд. Он дар яке аз саҳифаҳои интернетии ман ҷой дода шудааст: http://taj-az.iatp.az/taj-az/khabarho.htm.

Хулоса ин аст, ки ҳамаи мо агар фарзандони ватандӯст бошем, бояд фаъолтар бигардем ва на танҳо бо гуфтан, балки бо ҳамкории густарда ва дастгирии ҳамдигар мақсадҳои аниқ гузошта, натиҷаҳои муфид ба даст биёрем.

Пешрафти миллат мо дар ягонагӣ ва ҳамгироии мост. Аз ин рӯ, ман ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва дастгирӣ ҳастам.

Бо умеди тансиҳатӣ ва пирӯзии шумо,

Ботур Қосимӣ
--------------------------------------
Бисёре аз чизҳоро дар ин ҷо зикр карданд, аммо чизҳое ки асосиянд, ман мехоҳам зикр кунам, то ки мардуми кишвар хабардор шаванд, мо барои чӣ офарида шудаем.

Худованд мегӯяд дар Қурони карим:(матни арабӣ) - (وما خلقت الجن و الإنس إلا ليعبدون)тарҷума, ман халқ накардам ҷинро ва инсонро магар халқ кардам барои ибодат.
Аз ин ҷо фаҳмида мешавад, ки дар масъалаи ибодатҳои худовандӣ мисли намозу рӯза, эҳтироми падару модар ва ғайра тақсире дорем. Ва чӣ хеле ки маълум аст, дар кишвари мо зинову дуздӣ, беҳаёиҳо зиёд ва сабаби бебаракатӣ шудааст.

Абдуллоҷон
--------------------------------------
Монеъаҳо бешуморанд ва рӯз то рӯз бештар мешаванд. Локин ба таври намуна мехоҳам чандтои онҳоро номбар кунам.

1. Набуди мудирони мутахассис дар идораи кишвар.
2. Истифода набурдан аз васоили пешрафти ҷомеъа.
3. Фасоди идорӣ ва молӣ дар ҳамаи риштаҳо.
4. Беаҳамиятӣ ба таълими насли наврас.

Омӯзишу парвариш хеле муҳиманд ва дар 16 соли охир бо сабабҳои гуногун ин соҳа бесарпараст ва пароканда боқӣ мондааст. Вақте сарвари давлат мегӯяд, ки манобеъи даромади донишҷӯён таҳқиқ шавад, ин як мазҳака аст дар сиёсати давлатдорӣ. Ҳарчанд телефонҳои дастӣ ва мошинҳои сабкурав дар пешравии донишомӯзон таъсири манфӣ доранд, вале аз таъсири мусбат низ холӣ нестанд.

Ҳамчунин мехоҳам, як таълиқе дар гуфтаҳои бародар Шарифзода кунам, ки барои дигарон сангин наафтад "мо, мусулмонон, бояд ба ончи Худову Расули Акрам фармудааст, амал кунем" то ҷое ки ба назар мерасад, аввалин фармони илоҳӣ амр ба хондану пешравӣ дар заминаи ақл буд, ҳамчунон ин нуктаро дар ҷойҳои мухталиф такрорану таъкидан ёдовар шудааст, ки "ҳеч гоҳ баробар намешавад касе ки медонад ва касе ки намедонад." Ва ҳамчунон Паёмбари ислом (С) хондану тараққиро ба ҳар шахс лозим донистаанд.

5. Фарсуда шудани раванди ҳукуматдорие ки комилан қобили истифода нест. Ҳамон тавре ки хатҳои телефон ва лулаҳои обгузару каналҳо фарсуда шудаанду зарурат ба нав кардани онҳост.
6. Ва ғайраҳо, монеъаҳо зиёданд, аммо ба кӣ рози дил гӯям?!...

Бо камоли эҳтиром
Б. Мусофир
--------------------------------------
Салом ба ҳама,

То рӯзе ки ҷаноби олӣ ва командаи вай дар сари қудрат ҳастанд, Тоҷикистон обод намешавад. Ман инро гуфта будам ва боз ҳам мегӯям.

Даврони Бепрезидент
---------------------------------------
Аҷиб . Хеле мавзӯъи хуб. Вале кам касе фикри худашро баён мекунад. Вақте ҳарф дар бораи "Ватандор" мерафт, нависонавис зиёд буд. Аз ин маълум мешавад ки мо ҳанӯз ҳам интизорем, ки проблемаҳои моро ба ҷои мо дигарон ҳал кунанд.

Ва мантиқан натиҷа натиҷаи дилхоҳ барои ДИГАРОН хоҳад буд, на барои мо...

ТОҶИК
---------------------------------------
Cабаби аслии ақибмондагии Тоҷикистони азизи мо ин маҳалгароии шадид аст. Аз шумораи вазирон 90% ва аз шумораи ректорони донишгоҳҳо 85%-ро намояндагони минтақаи Кӯлоб ташкил медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки олимони кӯлобӣ дар замони шуравӣ, ба истиснои чанд нафар, камшумор буданд. Вазирони мо бетадбиранд. Аҳмади Дониш ҳанӯз дар асари бузургаш "РИСОЛА..." гуфта буд: Агар вазир бетадбир бошад ба ҳоли ун миллату давлат бояд гирист. Бо кафолат ҳар вазорат, кумита ва муассисаи давлатиро тафтиш кунед агар 65-70%-и кормандонро кӯлобиҳо ташкил накунанд, ман ба курсии ҷинояткор менишинам. Ва аз ин ҳайат қариб 99%-ашон коррупсионер мебошанд. Хулоса, Давлати тоҷдорон ба дасти чӯпонҳо расидааст. Чи гуна як чӯпон қодири хуккумат кардан дар як давлат аст?

Нуров,
корманди собиқи дастгоҳи раиси ҷумҳур

---------------------------------------
Бо салом хидмати бародарону хоҳарон.
Мушкили оина дар он аст, ки камбуди ҳамаро нишон медиҳад вале аз камбуди худ хабар надорад. Мо ҳам мисли оинаем. Ба назари банда, Тоҷикистон як мушкил дорад ва он ҳам бошад мардуми Тоҷикистон аст. Аз кӯдаки гаҳвора то пири 70-сола бесаводем ва майлу рагбат ба таҳсил ва босаводӣ ҳам надорем. Ин бесаводӣ боиси сархамии мост ва моро беирода, тарсу ва нофаҳм кардааст.

Магар мешавад дар як кишвар 100% донишҷӯ дарс рафтан ва имтиҳон супурданро бо пул анҷом диҳад. Як гурӯҳи кӯчак омада давлатро соҳибӣ мекунад ва онро оҳиста-оҳиста ба шоҳигарӣ табдил медиҳад ва мо бошем дар асри 21, ки илму ҳуш ба коинот расидааст, инро нафаҳмем. Дилам мехоҳад, ҳарфҳои зиёде бигӯям, аммо намедонам ки навишта мешавад дар ин сайт ё не. Як зарбулмасал аст: Кадхудои деҳ ки мурғобӣ бувад, вой бар аҳволи маруми он деҳ бувад. Донишҷӯ қишри асосӣ ва мағзи ҷомеа дар тавони таҳлили як сиёсати Раҳмонуф нест ва ба ҷуз бозидани нақш дар саҳнаҳои ҷашнвораҳо дигар ҳич коре аз дасташ намеояд. Чаро аз Раҳмонуф менолем ва аз худамон наменолем? Агар Раҳмонуф ё ин давлатмардон аз беақлию бефаросатию тарсончакии ин мардум истифода баранд ва фақат дар фикри худашон бошанд айб аз кист? Айб аз ману шумост ки ба онҳо иҷозати чунин корро медиҳем. Мо бояд камбудро дар худ бибинем на дар дигарон. Сабаби ягонаи ақибмондагии ин давлат дар мардуми бенанги он аст, ки он мардум моем. Вассалом!

Акмал
--------------------------------------
Салом.
1 - заъфи раҳбарӣ ва инки раҳбарони мо саводи замонавӣ ва кофӣ надоранд.
2 - набудани роҳ барои иртибот бо кишварҳои мутараққӣ ва набуди фурудгоҳҳо.
3 - набудани мутахассис дар соҳаҳои гуногун.
4 - дар сатҳи поин қарор доштани саводи асотиди донишнгоҳҳо.

Насим
--------------------------------------
Имрӯз ба қатори монеаҳои асосии рушди Тоҷикистон метавон, чандин омилҳоро сабаби аввалиндараҷа донист, аз ҷумла: паст будани сатҳи саводнокии мардум, алалхусус ҷавонон, надоштани ифтихори миллӣ, маҳалгароӣ, коррупсия, дар амал татбиқ нашудани фармону супоришоти сардори давлат... Ин омилҳои номбаршуда дар як сатҳ қарор доранд. Барои бартараф кардани ин монеъаҳо, кишвар пеш аз ҳама як инқилоби фарҳангиро тақозо дорад.

1. Вазорати маориф ва макотиби олиро зарур аст, ки ҳини бо довталаб шартнома бастан, кафолат бидиҳанд, ки мо дар давоми панҷ сол аз ту (довталаб) мутахассис омода мекунем на кррупсионер. Масалан, айни ҳол шартномаи факултаи ҳуқуқи ДДМТ барои як сол 1000 доллар аст, пас донишгоҳ кафолат дода метованад, ки бар ивази 5000 доллар (дар панҷ сол) дар ҳақиқат мутахассиси дорои маълумоти олӣ тайёр мекунад? То имрӯз кафолат надодааст, чи ваъдае?
2. Агар шахс аз донишгоҳ саводи комил гирад, ба воситаи ин ҳисси миллиаш низ боло меравад, ки ин ӯро водор менамояд, то оянда манфиати миллат ва давлатро аз манфиати худ авло донад. Дар ҳоле, ки омӯзгорони мо аз ин неъмат бебаҳраанд чӣ умедворие?
3. Дар ҳолати дастёб гардидан, ба гуфтаҳои болоӣ, маҳалгароӣ худ аз байн меравад. Бубин, орзуи хоме?
4. То рӯзе ки "мутахассис"-и мо ифтихори миллӣ надораду пойбанди мафкураи як маҳал аст, коррупсия дар ривоҷ аст. Агар мо манфиати худро сарфи назар кунем, коррупсия рӯ ба таназзул мениҳад. Дар ҳоле, ки вазирони мо бо маоши "ҳангуфт"-ашон дорои мошину қасрҳо мегарданд, назари мо чи афсонае?
Ва дар охир ҳамаашро гӯю ҳаминашро нагӯй!
Агар инқилоби фарҳангие рӯй диҳад, пас метавон бо Роғуну Норак манзилҳоро рӯшан кард. Илло, ба мисли имрӯза агар ҶАНОБИ ОЛӢ сад фармону дастур ҳам бароранд, боз ҳамонем, ки ҳамон.

Баҳман
--------------------------------------
Ман мухлиси доимии саҳифаи Озодӣ ҳастам аз хориҷи ватан. Аз ин раъйпурсии сомона хело шодам . Барои ин хостам, ки раъйи худро нависам.

Аввалан сабаби асоси монеаи рушди Тоҷикистон дурӣ аз ИСЛОМИ МУБИН аст мо мусалмонон бояд ба ончи ХУДОВУ РАСУЛИ АКРАМ фармуда аст амал бояд кунем.

Сонияан аз зулму ситам бар халқи заъиф даст кашидан, зеро ки хонаи золим хароб аст доимо.

Сеюм инки соҳаи илму маърифатро бояд ки васеъ гардонд, донишмандонро ба вазифахо ва мансабхо гузошт. Ҳар як шахс бояд ба фоидаи ҷомеъа амал кунад, на барои фоидаи шахсӣ.

Бисёр монеъаҳои дигар ҳаст аммо...

Шарифзода
--------------------------------------
Салом ба ҳама
Тоҷикистон яке аз кишварҳои ақибмондатарини дунё ба ҳисоб меравад. Ва ин беҳуда нест. Мо ,тоҷикистониён шояд дар асри 21 зиста, воқеъан зиндагии асри 19-ро ба сар мебарем. Меоем сари мавзӯъ. Монеъаи асоси ин САРДОРИ ДАВЛАТ .

Як мақоли хуби тоҷикӣ ҳаст: Сар куҷое гуяд, по ҳамун ҷо меравад. Дар ҳоли ҳозир по барои муздурӣ ва кӯчарӯбии Русия меравад. Бубинед киҳоро дар атрофаш Раҳмон ҷамъ кардааст. Як ТУДА одамони НООГОҲРО..
Монеаи дуввум муҳоҷирати кории мардуми Тоҷикистон... Онҳое ки барои кор аз Тоҷикистон берун мераванд, аслан коршоямтарин қисми аҳолии Тоҷикистонанд. Бо ун чанд пули кор кардаашону ба Тоҷикистон фиристоданашон онҳо проблемаи имрӯзаро ба фардоҳои дер мегузоранд. Ба ҷои дар кишвар мондану ба зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии он таъсир расондан ҳамаи онҳо худро канора мегиранд. Ва ҳамин тавр боз Раҳмону командаи ӯ Тоҷдоронро Бетоҷ мекунанд (ин кор хуб аз дасти онҳо омад, бояд эътироф кард)

Чӣ бояд кард?
Саволи хубу ҳамешагӣ...Танҳо як роҳ... Мубориза ...
Бо роҳҳои қонунӣ дур кардани Раҳмон ва КАМПАНИ...

ТОҶИК
--------------------------------------
Салом радио Озодӣ!
Хело хушҳолем аввалан барои фикрхои наватон, ки хело фоиданок ҳаст барои ватани азизамон, ба шарте ки ба назар гирифта шавад тамоми фикрҳо.

Мо монеъаҳои пешрафти ватанамонро дар чанд чиз мебинем:

Аввалан: Набудани кадрҳои муносиб ва босалоҳият дар соҳаҳояшон;
дуввум: бисёр ришвахӯрӣ ва росткор набудани соҳибкорон;
саввум: кам будани робита бо олами хориҷ ва тиҷорати хориҷӣи, камии фурсати кор барои тамоми табақаҳои мардум;
чаҳорум: кам будани фурсати таҳсил барои ҷавонон.

Даврон

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG