Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоми додгоҳи Аврупо алайҳи Русия


Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи башар дирӯз ҳукумати Русияро дар қазияи нопадидшавӣ ва эҳтимоли куштори як марди чечен соли 2000-ум муттаҳам донист. Шаҳид Байсаев соли 2000-ум дар роҳ аз хона ба кор, дар наздикии пойтахти Чеченистон шаҳри Грозний нопадид шуд.



Додгоҳ дирӯз ҳукм намуд, ки барои хисороти ҷонии ворида ҳамсари вай Асмарт Байсаева бояд беш аз 86 ҳазор доллар маблағ ҷубронпулӣ гирад. Байсаева ҳукумати Русияро бо кӯмаки як созмони ҳуқуқи башар бо исми "Ташаббуси ҳуқуқии Русия" ба додгоҳ кашондааст. Арсен Сакалов, вакили гурӯҳи мазкур дар сӯҳбат бо бахши Қафқози Шимолии радиои Озодӣ гуфт: "Тарафи молии масъала ҳам албатта нақш мебозад, аммо умеди мо ин аст, ки баъди ба ҳукми қонун даромадани ин ҳукм, мақомоти таҳқиқотеро ба роҳ хоҳанд монд, ба органҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ин бора амр хоҳанд дод ва гунаҳгорони ин ҷиноятро пайдо хоҳанд кард"



Баъди оғози ҷанги дуюми чечен соли 1999 дар Чеченистон беш аз 5000 нафар гумном шудааст. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар дар ин гуна ҷиноятҳо нирӯҳои маскавгарои амниятии Чеченистон ва артиши Русияро гунаҳгор медонанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG