Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия


Додситонии вилояти Кирови Русия мегӯяд, дар яке аз манзилҳои ин шаҳр ҷасади шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бар асари захми сершумори корд кушта шудааст, пайдо кард. Оростахон Султоноваи 22-сола бо ҳамсару фарзандаш беш аз ним сол дар ин манзил дар Киров иқомат доштааст. Тифли дусолаи Оростахонро бо нишонаҳои асфиксия, ё ба истилоҳ нафастангӣ, ба шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи маҳаллӣ бурданд ва айни ҳол вазъи сиҳатиаш мӯътадил арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи додситонӣ, ҷиноят бо ҳадафҳои ғаразнок сурат гирифтааст, чун аз манзили ҳалокшуда беш аз ним миллион рубли русӣ рабуда шудааст. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG