Пайвандҳои дастрасӣ

Ташкили озмоишгоҳи маводи нафтӣ дар Бадахшон


мс

Дар Бадахшон як озмоишгоҳи маводи нафтӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Хӯҷам Хусравов, масъули озмоишгоҳ мегӯяд, ташхиси аввалияи сифати маводи нафтӣ дар шаҳри Хоруғ ва навоҳии Роштқалъаю Шуғнон нишон додааст, 95 дар сади сӯзишвории нақлиётӣ, ки дар нуқтаҳои савдо фурӯхта мешавад, мутобиқ ба талабот нест. Масъули озмоишгоҳ бо таъкид ба сифати пасти сӯзишвории нуқтаҳои фурӯши он истифодаи ин сӯзишвориро барои васоити нақлиёт куллан номумкин медонад. Хӯҷам Хусравов гуфт, фурӯшандагони маводи нафтӣ барои ворид сохтан ва фурӯши сӯзишвории пастсифат дар минтақа танбеҳ гирифтанд ва дар сурати такрори ин амал алайҳи онҳо чораҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд. Аммо фурӯшандагон мегӯянд, онҳо маводи нафтиро дар бозорҳои Душанбе ва Кӯлоб харидорӣ мекунанд, ки дар он ҷо имкони ташхиси сифати ин сӯзишвориро надоранд.
XS
SM
MD
LG