Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеъи молии донишҷӯёни мошинсавор таҳқиқ мешавад


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон аз мақомоти интизомӣ тақозо кард то манобеъи молии муҳассилинеро, ки бо худравҳои гаронбаҳои шахсӣ вориди макотиби оливу ҳамагонӣ мешаванд, ошкор ва тавассути расонаҳои гурӯҳӣ эълом кунанд.


Эмомалии Раҳмон дар ҷаласаи ахири ҳукуматӣ бо ширкати мақомоти қудратӣ дубора таъкид ба зарурати манъи истифода аз худравҳо барои тамоми муҳассилин ва телефонҳои ҳамроҳ барои толибилмони макотиби ҳамагонӣ кард.


Ва аммо мухолифини ин тасмими раиси ҷумҳур мегӯянд, шояд дуруст аст, ки доштани худравҳо ва телефонҳои ҳамроҳ барои донишомӯзии муҳассилин халал мерасонад, аммо дар шароити имрӯз истифода аз ин воситаҳо ногузир шудааст ва мумкин нест шаҳрвандони болиғро аз ин ҳуқуқ маҳрум кард.



Ҳамзамон раиси ҷумҳур дар ҷаласаи ҳукуматӣ гуфт, дар танзими расму оин ва баргузории маъракаҳо қабл аз ҳама бояд раҳбарони идораю вазоратхонаҳо, устондорон ва ходимони давлатӣ ибрат нишон диҳанд ва аз хароҷоти барзиёд даст кашанд.
XS
SM
MD
LG