Пайвандҳои дастрасӣ

Трейси Ҷейкобсон: Амрико ба Эрон ҳамла намекунад


Сафири Амрико дар Тоҷикистон Трейси Эн Ҷейкобсон овозаҳои паҳн сохтаи бархе расонаҳо оид ба шурӯъи амалиёти низомии кишвараш алайҳи Эронро рад кард ва гуфт ИМА қасди ҳамла ба Эронро надорад. .

Хонум Ҷейкобсон дар ҷамъи хабарнигорон дар шаҳри Душанбе гуфт бори аввал дар ин бора, ки гӯё Амрико тасмим гирифтааст, ба Эрон ҳамла кунад, чанд рӯз пеш тариқи расонаҳои хабарӣ шунидаст. Ӯ афзуд, бовар накунед ба он чӣ ки менависанд, Амрико ҳеҷ барномае дар ин робита надошт ва надорад: "Тамоми кишварҳои ҷаҳон дарк мекунанд, ки Эрони мусаллаҳ бо аслиҳаи ҳастаӣ на танҳо барои минтақа, балки барои тамоми ҷаҳон хатарзо аст. Ин мушкили байналмилалӣ аст. Ва мо ҳоло дар Иёлоти Муттаҳида бо давлатҳои ҷаҳон, тавассути СММ, МАГАТЭ дар самти мутақоидсозии Эрон барои масъулият дар ин масъала кор мебарем. Мо дарк мекунем, ки густариши низоъ бо Эрон барои минтақа хатар хоҳад дошт, мо ин масъаларо бо роҳи дипломатӣ ҳал карданӣ ҳастем"



Ин баёнияи сафорати Амрико дар Душанбе дар ҳоле садо дод, ки як рӯзи пеш вазорати хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки давлати ин кишвар ҷонибдори ба расмият шинохтани ҳаққи Эрон дар истифодаи нируи ҳастаӣ бо ҳадафҳои сулҳомез мебошад.
XS
SM
MD
LG