Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳорат чист:фанноварӣ ё озодандешӣ?


Акбаралӣ Сатторов, раҳбари Иттиҳоди журналистон мегӯяд, дар баробари дарсҳои журналистикаи муосир донишҷӯён дар ҳафтаномаи ин созмон, ки пурра аз ҷониби ҷавонон идора ва таҳия мешавад, фаъолият ё худ машқи қалам хоҳанд кард. Акбаралӣ Сатторов меафзояд, дар ин мактаб ҷавонон аз назари касбӣ таҷрибаи зиёд мегиранд ва имкони дар дигар расонаҳо кор карданро пайдо мекунанд.

«Ҳарчанд, ки имрӯз дар матбуоти мо ҳафтаномаҳои зиёде таъсис ёфтаанд ва дар он ҷавонони зиёд кор мекунанд, аммо дар баробари ин мо эҳсос кардем, ки боз ҳам як мактаби миллии журналситикаи тоҷик намерасад. Навгонӣ ин аст, ки пурра ҳайати ҳафтанома аз ҳисоби ҷавонон таъсис меёбад ва ба ин васила мехоҳем аз нигоҳи ҷавонон огоҳ шавем.»

Мактаби мазкур дар ҳоле таъсис меёбад, ки ҳунари журналистони ҷавон тоҷик бисёр вақт мавриди танқид қарор мегирад. Таманно, донишҷӯи факултаи журналистикаи ДДМТ мегӯяд, бисёри хабарнигорони ҷавон ҳангоми таҳияи барномаву гузоришҳо меъёрҳои касбии журналистикаро риоя намекунанд:

«Журналистон бештар ба барномаҳои тафреҳӣ такя мекунанд ва қариб кори онҳо якранг аст. Бояд бештар ба баррасии масъалаҳои доғи рӯз даст зананд. »

Ба гуфти Марҷона, донишҷӯи дигар, як иллати камсаводӣ ё беҳунарии бархе аз хабарнигорони ҷавон таъсири муҳит ва эҷоди маҳдудиятҳо аст, ки баъдан боиси камфаъолиятии онҳо мешавад:

«Яъне, ки журналистони мо озод буда наметавонанд, суханро озод гуфта наметавонанд. Яъне, чи хеле ки хабарнигорони кишварҳои Ғарб озод сухан мегӯянд, ин тавр нест. Аагр як журналист хоҳиш дошта бошад, вале ба ӯ як чиз монеъа мешавад, хоҳишаш кам мешавад.»

Аммо Дилшод, хабарнигори ҷавон мегӯяд, ки онҳо то имрӯз ғолибан аз мактаби журналистикаи Шӯравӣ таълим мегиранд, ки ба талаботи замони имрӯз чандон мувофиқ нест:

«Журналисти имрӯза аз журналисти солҳои қабл фарқ дорад ва аз ин рӯ хуб мешуд, ки дар мактабҳои омӯзиши журналистика чунин шароитро фароҳам оваранд, ки ҷавонон бо истифодаи таҷҳизоти муосири техникӣ маҳорати худро сайқал бидиҳанд.»

Аммо як хабарнигоре, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, зидди он андешаҳоест, ки мегӯянд, журналистони ҷавон беҳунару кам маҳоратанд. Ӯ меафзояд, даҳҳо ҷавонони ҷасуру боистеъдодро медонад, ки дар рӯзномаҳои маҳаллӣ ба баррасии масоили доғи рӯз даст мезананд, аммо онҳо дастгирии моддиву маънавӣ намеёбанд.

«Он мутахассисони ҷавоне, ки имрӯз дар ВАО кор мекунанд, бо ҳунару бо маҳоратанд аммо аз чӣ бошад, ки ба онҳо таваҷҷӯҳи зиёд нест. Масалан, кор мекунанд ва маблағи ночиз мегиранд, ки ба зиндагиашон намерасад.»

Ба назари мусоҳибонам, барои баланд бардоштани маҳорати хабарнигорони ҷавони тоҷик пеш аз ҳама мактаби омӯзишӣ барои хабарнигорон бояд пурқуввату замонавӣ шавад, дар баробари ин худи хабарнигорон кӯшишу ғайрат ва ҷустуҷӯву эҳсоси масъулият дошта бошанд ва дар доираи қонун фаъолият карданро биомӯзанд. Баъдан, таъмини муҳити озод ва имконоти васеъ барои фаъолияти босамари журналистикаи касбӣ созгор мешавад.
XS
SM
MD
LG