Пайвандҳои дастрасӣ

"Playboy" бегуноҳ баромад


Шабакаи Хабар

Додгоҳи Ҷокорто сардабири чопи индунезии маҷаллаи "Плейбой"-ро бегуноҳ эълон кард. Эрвин Орнодо ба нақзи қонунҳои ахлолқии индунезӣ айбдор мешуд ва эҳтимол мерафт, ба дуним соли зиндон маҳкум шавад. Вале додгоҳ имрӯз гуфт, намебояд, маҷаллаи "Плейбой"-ро бадахлоқона ва порнографӣ шумурд.

Ҳарчанд, чопи индунезии маҷалла акси баданҳои урён надорад, исломгароёни ашаддӣ даъво доранд, ки он ба пояҳои ахлоқии ҷомеа зарба мезанад. Наздик ба 600 корманди полис дар ҳавелии додгоҳ ҷобаҷо шуданд, то аз эҳтимоли эътирозҳои хушунатомез пешгирӣ кунанд. Дар тазоҳуроти қаблӣ талаб мешуд, ки сардабир Орнодо ба қатл маҳкум шавад.
XS
SM
MD
LG