Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксари кулли маводи сӯхти Хоруғ ба меъёр посух намегуфтааст


МШ

Дар назди Оҷонси стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои Бадахшон озмоишгоҳи маводи нафтӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст. Бино ба гуфтаи Хӯҷам Хусравов, масъули озмоишгоҳ, тавре, ки анҷоми ташхиси аввалияи сифати маводи нафтӣ дар маркази устон, навоҳии Роштқалъа ва Шуғнон нишон додааст, 95 дар сади сӯзишвории нақлиётӣ, ки дар нуқтаҳои савдо фурӯхта мешавад, ба меъёр ҷавобгӯ намебошад


Масъули озмоишгоҳ гуфт, навъҳои сӯзишворие, ки ба харидорон дар ин манотиқ пешниҳод мешавад, сифати паст дорад ва истифодааш барои васоити нақлиётӣ куллан номумкин аст. Ӯ гуфт, дар куллияи нуқтаҳои фурӯш, бензини 65 мавҷуд аст, ки ягон давлат алҳол чунин навъи бензинро истеҳсол намекунад. Вай гуфт, истифодаи ин сӯзишвории махлутшуда васоити нақлиётиро пурра хароб месозад.


Масъули озмоишгоҳ гуфт, рӯзҳои наздик онҳо ташхиси сифати маводи нафтиро дар манотиқи боқимондаи Бадахшон анҷом хоҳанд дод. Ӯ гуфт, фурӯшандагони маводи нафтӣ барои ворид сохтан ва фурӯши маводи нафтии пастсифат дар минтақа огоҳӣ гирифтанд ва дар сурати такрори ин амал нисбати онҳо чораҳои дигар андешида хоҳад шуд. Аммо фурӯшандагон мегӯянд, ки онҳо маводи нафтиро дар бозорҳои Душанбе ва Кӯлоб харидорӣ намуда дар он ҷо имкони ташхиси онро надоранд.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ
XS
SM
MD
LG