Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон ҳамкорӣ бо Толибонро рад кард


Вазири корҳои хориҷии Афғонистон имрӯз пешниҳодҳои гуфтушунид бо намояндагони мӯътадили ҷумбиши Толибонро рад кард. Рангин Додфар Сипанто гуфт, ҳамчунон касоне бо номи "толибони мӯътадил" вуҷуд надоранд. Вай эҳтимоли ҳамкорӣ бо толибонро шабеҳи ин номид, ки сарони Олмон вориди эътилоф бо аҳзоби неофошистӣ шаванд.


Изҳороти Сипанто дар посух ба даъватҳои раиси Ҳизби Сотсиал Демократи Олмон Курт Бек садо дод, ки аз пуштибонии вазири умури хориҷии Олмон Франк-Волтер Штейнмайер низ бархӯрдор буд.


Тибқи хабари дигар аз Афғонистон, наздик ба 200 корманди полиси ин кишвар ба ҷустуҷӯи ду корманди фаронсавӣ ва се афғони як созмони хайрия баромадаанд, ки дар ҷанубуғарби Афғонистон бенишон шудаанд. Як зан ва як марди фаронсавӣ аз созмони хайрияи "Ҷаҳони фарзандони мо" ва се шарики афғони онҳо рӯзи сешанбе дар вилояти Нимрӯз нопадид шудаанд. Шахсе ки худро сухангӯи Толибон меномад, гуфтааст, ин панҷ нафар дар асорати толибонанд, аммо ҳақиқати хабар собит нашудааст.
XS
SM
MD
LG