Пайвандҳои дастрасӣ

Тими футзали Тоҷикистон - дар Қирғизистон


Дамир Камолиддинов, сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ба ҳайати даста дарвозабонҳо - Анвар Мирзоев ва Миралӣ Шарифов, бозигарон - Фирдавс Файзуллоев, Рустам Хоҷаев, Алишер Улмасов, Шӯҳрат Ҳусейнов, Далер Ҳақназаров, Шерзод ва Акмал Ҷумъаевҳо, Ҳувайдо Давлатбеков, Сергей Алмуҳаммадов, Мақсуд Пӯлодов ва Раҷаб Буров дохиланд. Ширкат дар ин мусобиқот барои дастаи мо як давраи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё, ки аз 13 то 19 май дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор мешавад, маҳсуб меёбад.»

Оқои Камолиддинов афзуд, тими миллии футзали Тоҷикистон, ки соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Тошканди Узбакистон дар байни ҳашт тими беҳтарини қора ҷой гирифтааст, бидуни бозиҳои интихобӣ ба давраи ниҳоии Ҷоми Осиё-2007 роҳ ёфтааст.

Бар иловаи дастаи Тоҷикистон дар қисмати ниҳоӣ бидуни бозиҳои интихобӣ боз 11 тими футзали кишварҳои қора - Ҷопон, қаҳрамони феълии Осиё, Эрон, Узбакистон, Қирғизистон, Австралия, Чин, Ҳонконг, Кувайт, Малазиё, Тайланд ва Туркманистон ширкат меварзанд.

Чаҳор дастаи дигари ширкаткунандаи қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2007 дар мусобиқаи интихобии гурӯҳӣ, ки дар Тайван баргузор шуд, муайян гаштанд. Инҳо дастаҳои мунтахаби футзали Куриёи Ҷанубӣ, Ироқ, Лубнон ва Филиппин мебошанд.

Дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2007 16 дастаи мунтахаб бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи 9-уми апрел баргузор хоҳад шуд, ба чаҳор гурӯҳ тақсим мешаванд.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG