Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмониҳо бо толибон забон ёфтанианд


Вазири умури хориҷаи Олмон Франк Валтер Штенмайер дирӯз пешниҳоди ҳизби сотсиал -демократи кишварашро пуштибонӣ кард, ки гуфтааст бо унсурҳои мӯътадили толибон дар Афғонистон вориди музокирот шаванд. Курт Бек, раиси ҳизби сотсиа -демократ баъди сафари ҳафтаи гузаштааш ба Афғонистон гуфт, ки танҳо тавассути нируҳои низомӣ намешавад ба сулҳу субот даст ёфт. Вай гуфт фурсати баррасии имкони мусолиҳаи миллӣ бо толибон расидааст. Штенмайер гуфт, ки ӯ бо чунин пешниҳод мувофиқ аст. Ҳизби сотсиал демократ мутафиқи эътилофи ҳукуматии Олмон аст.
XS
SM
MD
LG