Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаҳор ҳазор тоҷикистонӣ ба Русия кӯч мебанданд


Беш аз чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон хостори кӯч бастан ба Русия шудаанд. Сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар чаҳорчӯби барномаи вижаи бозгардонии ҳамватанон ба Русия имкон фароҳам оварда мешавад, ки афроди хоҳишманд дар қаламрави ин кишвар иқомати доимӣ дошта бошанд.
Оқои Абдулатифов афзуд, ки ин барнома доираи миллиятҳои иҷозаи кӯчбандӣ доштаро маҳдуд намекунад ва худи тоҷикон ва муҳоҷирони кори тоҷикистонӣ ҳам метавонанд дар чаҳорчӯби барномаи мазкур барои будубоши доимӣ ба Русия бираванд. Аммо, ба гуфтаи сафири Русия, ҳамзамон ин кишвар хостори он нест, ки аз тариқи ин барнома ва тавассути ҷалби мутахассисону донишмандони тоҷик ба рушди Тоҷикистон монеъ шавад.
XS
SM
MD
LG