Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маллоҳони бритониёӣ ба ватан бармегарданд


Имрӯз қарор аст маллоҳони озодшудаи бритониёӣ аз Теҳрон ба Лондон парвоз кунанд. Маҳмуди Аҳмадижаҷод раиси ҷумҳурии Эрон дар як нишасти матбуотӣ дирӯз тасмими озодшавии бритониёиҳоро чун тӯҳфа ба мардуми ин кишвар арзёбӣ кард.


Телевизиони Эрон навореро бо мусоҳибаи се маллоҳ аз ҷумла зани дарёнавардро ба намоиш гузошт, ки барои озодшавиашон аз раиси ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод изҳори сипос мекарданд. Хонум Фейе Турни баъди тақрибан ду ҳафтаи боздошташ гуфт: «Хеле хушҳол шудам, ором шудам, ки ниҳоят ба хона бармегардам. Бо мо муносибати хубро раво диданд. Аммо беҳтар буд баргардам, ва хонаводаамонро бубинам. Ташаккур ба шумо, ки моро иҷозаи рафтан додед. Мо барои рафтори худ узр мехоҳем. Аммо сипоси бепоён барои он ки моро сидқан иҷоза додед, озод шавем"



Нахуствазири Бритониё Тони Блэр хабари озодшавии 15 маллоҳи аз ҷониби Эрон боздоштшударо истиқбол кард. Вазорати умури хориҷаи Бритониё гуфт, ки шоми 4 апрел гурӯҳи маллоҳон барои нахустин бор баъди боздошт шуданашон бо сафири худ дар Теҳрон мулоқот карданд. Эрон рӯзи 23 март маллоҳонро дар обҳои Шатт-ул-Араб боздошт ва онҳоро дар убури ғайриқонунии марзҳои Эрон муттаҳам кард. Бритониё пофишорӣ дорад, ки сарбозонаш дар обҳои Ироқ боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG