Пайвандҳои дастрасӣ

Қаҳрамонҳои бокси Тоҷикистон


96 муштзан аз манотиқи гуногуни кишвар ширкат доштанд. ки тӯли чаҳор рӯз дар толори Маркази ҷавонони шаҳри Хуҷанд идома кард Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Тоҷикистон

Дар рақобатҳои инфиродӣ ҳафт нафар муштзанҳои вилояти Суғд соҳиби унвони қаҳрамонӣ шуданд. Умархон Атоев дар вазни то 54 кило, Воҳид Худойназаров дар вазни то 57 кило, Рустам Раҳмонов дар вазни то 64 кило, Шералӣ Муҳаммадалиев дар вазни то 69 кило, Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кило, Далер Шарифов дар вазни беш аз 91 кило ва Константин Мокроусов дар вазни то 91 кило бо медалҳои тилло сарфароз гардиданд. Ду муштзани душанбегӣ - Анвар Юнусов дар вазни то 51 кило ва Маъруф Файзуллоев дар вазни то 60 кило мақоми аввалро касб карданд. Инчунин Ҳабиб Муродҳусейнов, аз вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ дар вазни то 48 кило ва Фирдавс Салоҳов, аз шаҳри Турсунзода дар вазни то 75 кило қаҳрамони бокси Тоҷикистон гардиданд.

Ва хабари дигар. Шатранҷбози мумтози тоҷик Фаррух Амонатов ба давраи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти шаҳри Маскави Русия роҳ ёфт.

Вай дар бозиҳои интихобӣ пирӯзӣ ба даст овард. Гроссмейстери байнулмилалӣ Фаррух Амонатов бо ҳафт нафар ғолибони дигари давраи интихобӣ барои дарёфти унвони қаҳрамони шоҳмоти шаҳри Маскав аз 18-ум то 24-уми апрел рақобат хоҳад кард.

Ёқуб Раҳимов, ноиби раиси Федеросиюни шоҳмоти Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, Фаррух Амонатов соли 2004-ум ба унвони қаҳрамони шоҳмоти шаҳри Маскав даст ёфтааст.

Хабари охирин. Варзишгари тоҷик Баҳром Сангов дар мусобиқоти бози қаҳрамонии Узбакистон дар риштаи вазнабардорӣ медали биринҷӣ ба даст овард.

Бобохон Сангов, сармураббии дастаи мунтахаби вазнабардории Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқот бо ширкати варзишгарони Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Чирчиқ баргузор шуд. Аз байни ҳашт варзишгари тоҷик танҳо як нафар - Баҳром Сангов дар вазни то 56 килограмм натиҷаи хубтар ба даст оварда, мақоми севумро касб кард.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG