Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди кабуду норанҷӣ дар Киев


Брайан Уитмор Бӯҳрони ахир дар Укроин ва Қирғизистонро нишонаҳои нави шикасти инқилобҳои ранга меноманд. Вале коршиносон мегӯянд, ин бӯҳронҳо тақрибан ба ҳамаи демокросиҳои ҷавон хос буда, дар заминаи заъфи сохторҳои мавҷуда, камбуди эътимоди омма ва камтарҷрибагии тарафҳои сиёсӣ ба амал меоянд.

Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури Укроин бо такя ба Қонуни aсосӣ порламони кишварашро пароканда кард. Аммо Виктор Янукович-нахуствазири Укроин бо иқтибос аз ҳамин қонун тасмими раиси ҷумҳурро ғайриқонунӣ эълон кардааст ва гуфтааст, ки ба мухолифати худ идома медиҳад. Ин дар ҳолест, ки дар хиёбонҳои Киев-пойтахти ин кишвар тазоҳуроти ба ҳам мухолиф идома дорад. Ҷонибдорони раиси ҷумҳур дар тан либосҳои норинҷӣ ва ҷонибдорони нахуствазир либосҳои обӣ доранд. Чунин ба назар мерасад, ки демократияи ҷавони Укроин ба буҳрони дигаре ру ба ру шудааст. Ҳоло суол ин аст, ки чаро дар ҷараёни мубоҳисоти сиёсӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Шуравии пешин мардумро ба хиёбонҳо мекашанд? Александр Рор аз Шурои равобити хориҷии Олмон мегуяд, мушкил дар Укроин ва кишварҳои дигари минтақа ин аст, ки дар он ҷойҳо суннатҳои демократӣ вуҷуд надорад:

"Ҳатто баъд аз 15 соли фурӯпошии Шӯравии собиқ мушкил ин аст, ки аз чӣ роҳе мешавад сиёсатмадорони саршиносро вориди ҷараён кард, ононеро, ки қоъидаи бозиро риъоят мекунанд. Ва мушкили дуввум мушкили равонии нухбагон ва мардум аст, ки одат доранд ба раҳбарон итоъат кунанд на ба қонун".

Баъд аз инқилоби норинҷии соли 2004 Укроин талош кард, аз низоми қавии иҷроӣ, ки мероси Шуравии собиқ буд, фосила бигирад ва низоми воқеъан порламониро руи кор орад. Ба ҳамин далел салоҳиятҳои раиси ҷумҳур тадриҷан камтар ва низоми порламонӣ қавитар шуд. Бисёре аз коршиносон чунин равишро дастоварди қонуниии инқилоби норинҷӣ арзёбӣ карданд. Вале Роҳр мегуяд, тасмими кунунии Юшенко дар бораи инҳилоли порламон поёни ин таҷруба аст:

"Укроин аз ақидаи ташкили ҷумҳурии порламонӣ дур мешавад. Укроин натавонист кишваре бунёд кунад, ки дар қаламрави Шуравии собиқ нахустин кишвари дорои низоми демократӣ бошад ва дар он на як шахси алоҳида, ба вижа раиси ҷумҳур, балки порламон нақши раҳбариро бар уҳда бигирад".

Александр Рор аз Шурои равобити хориҷии Олмон меафзояд, агар сиёсатмадоре баъд аз расидан ба қудрат эътироф кунад, ки роҳи осони кор, яъне раҳбарӣ низоми худкомаист, на созиш ё роҳҳои демократӣ, дар он сурат вай ҳамон роҳи осон, яъне низоми худкомаиро ҷорӣ мекунад. Укроин танҳо кишваре нест, ки барои ташкили ниҳодҳои демократӣ мубориза мекунад. Дар Қирғизистон низ дар давоми ду моҳи мухолифатҳои сиёсӣ нахуствазир маҷбур шуд ҳафтаи гузашта истеъфо диҳад. Баъд аз инқилоби лолаии соли 2005 Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон талош кард бо мухолифон муросо ва бо порламон ҳамкорӣ кунад. Бо вуҷуди ин баъзе гуруҳҳои мухолиф истеъфои Боқиевро тақозо кардаанд. Аммо Гурҷистон, ки соли 2003 мавҷи инқилобҳои демократӣ ба он ҷо расид, аз чунин нооромиҳои сиёсӣ эмин монд. Бо вуҷуди ин таҳлилгарон мегуянд, ки то ҳол ниҳодҳои демократӣ дар ин кишвар ба таври воқеъӣ таҳким наёфтааст. Ҷонибдорони Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳур дар порламон аксариятро ташкил медиҳанд ва дар ин кишвар ҳамчунон низоми раёсати ҷумҳурӣ қавист. Саакашвилӣ борҳо гуфтааст, ки баъзе салоҳиятҳои худро ба порламон медиҳад, то порламон қавӣ шавад, вале то ҳол дар ин роҳ қадаме барнадоштааст. Надя Диюк-коршиноси аршад дар умури Аврупо ва Осиё аз ниҳоди Миллӣ барои Демократия, ки аз суи Конграи Амрико сармоягузорӣ мешавад, нақши Русия дар дахолат ба равандҳои демократӣ дар минтақаро низ таъкид мекунад ва мегуяд, барои кишваре чун Қирғизистон, ки дар иҳотаи низомҳои худкома қарор дорад, ҳимоят аз демократия кори содда нахоҳад буд. Коршиносон бар ин ақидаанд, ки дар давраи Борис Елтсин дар Русия то андозае демократия вуҷуд дошт ва он давраро поёни демократияи Русия медонанд. Вале акунун дар ин кишвар руз то руз нақши ниҳодҳои иҷроӣ ва ҳукумати Кремл қавитар мешавад.
XS
SM
MD
LG