Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадияи Аҳмадинажод ба мардуми Бритониё


Эъломи хабари озодии 15 сарбози дарёии Бритониё аз тарафи Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дар конфронси Теҳрон ғайричашмдошт буд:

Суханони Аҳмадинажод

Нирӯҳои дарёии Эрон 15 сарбози дарёии Бритониёро 23-юми март дар обҳои Халиҷи Форс боздошт карданд ва гуфтанд, ки онҳо марзи обии Эронро нақз кардаанд. Аммо Бритониё ин иддаъои Эронро қабул надорад.

Ба суоли хабарнигорон дар ин бора, ки оё 5 шаҳрванди эронии боздоштшуда дар Ироқ дар ивази озодии 15 сарбози бритониёӣ озод хоҳанд шуд ё хайр, оқои Аҳмадинажод гуфт, ки озодии сарбозони дарёии Бритониё ба истилоҳи худаш ҳадяест ва дар он муъомилаи радду бадал бо эрониён матраҳ нест ва ин ду масъала бо ҳам иртиботе надорад. Вай гуфт, барои озодии дипломатҳои боздоштшудаи эронӣ дар Ироқ дар масири дигаре кор бояд анҷом мегирифт.

Панҷ эронӣ дар Ироқ моҳи январ, яъне се моҳ пеш боздошт шуда буданд. Дар робита бо ин мавзӯъ телевизюни давлатии Эрон гуфт, ҳоло мақомоти расмии Эрон иҷоза доранд дар Ироқ бо ин шаҳрвандони боздоштшудаи худ мулоқот кунанд. Ҷониби Амрико мегӯяд, ки ин панҷ нафар ба шӯришиёни тундрав кумаки моддӣ мекарданд. Вале Эрон мегуяд, ин панҷ нафар дипломат мебошанд.
XS
SM
MD
LG