Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Журнализми мардумӣ


Сомонае ки ду журналист дар моҳи феврали соли 2000 боз карда буданд, ҳоло 50 000 хабарнигор дорад, ки пайваста барои он хабару гузориш менависанд. Боз 3 000 нафари дигар дар Ҷопон сабтиноми шудаанд ва 2 500 нафари дигар дар кишварҳои дигари ҷаҳон.

Сардабири сомонаи Ohmynews.com, Оҳ Йен Ҳу мегӯяд, ин гузоришгарон тақрибан аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа ҳастанд, мактаббачагон, занони хонашин, кормандони полис, румоннависон, пизишкон ва ҳатто сиёсатмадорон.

Барои ҳар хабаре ки нашр мешавад, сомона 20 доллар ҳаққи қалам медиҳад ва онро рӯзона беш аз 500 ҳазор нафар мутолиа мекунанд. Агар ягон хабари нодир пайдо шавад, шумори хонандагон то 1 миллион нафар низ мерасад.

Дар ҳоле ки сомонаи Ohmynews.com -и Кореяи Ҷанубӣ танҳо дар интернет аст, ду сомонаи ҳамсони Nowpublic.com ва Youwitnessnews.com дар Конодо маводи худро ба рӯзномаҳо низ медиҳанд. Сомонаи Nowpublic 60 000 хабарнигор дорад, аз ҷумла дар 140 кишвари ҷаҳон ва эҳтимол меравад, шумораи гузоришгарони он то поёни сол ба 150 000 нафар хоҳад расид.

Дар зимн ин сомона мехоҳад дар Тоҷикистон низ як ё бештар хабарнигори инглисизабон пайдо кунад. пас ҳар яки шумо имкон доред ба хабарнигори байнулмилал табдил ёбед.

Чанде пеш дар шаҳри Душанбе, анҷумани расонаҳои форсизабон барпо шуд, ки ҳарчанд ширкаткунандаи зиёд надошт, ба унвони аввалин қадам дар ҳамкории журналистони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон баррасӣ шуд. Ва дастикам номгӯи масъалаҳоеро муайян кард, ки матбуоти се кишвар бо онҳо рӯбарӯст ва табодули назар роҳкорҳоеро дар ҳалли онҳо пайрезӣ кард. Аз ҷумла гуфта шуд, ки бояд як сомонаи интернетӣ таъсис дод, то битавонад ин журналистонро ба ҳам васл кунад. Дар паҳлуи ин ақида аз канали муштараки телевизионии Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ёд карданд (идеяи президент Раҳмон).

Мафҳуми журналистикаи мардумӣ -- citizen journalism, ки сомонаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Конодо, Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳо имрӯз ба он рӯ овардаанд ва барномаро бо онҳо боз кардем, барои матбуоти Тоҷикистон ва кишварҳои шӯравии собиқ ноошно ва бегона нест.

Дар давраи шӯравӣ мафҳуме бо номи хабарнигорони коргару деҳқон вуҷуд дошт. Ҳар нашрия вазифадор буд, аз миёни мардуми оддӣ афродеро дар атрофи худ муттаҳид кунад, ки пайваста барояш маводи нависанд. Ба нашр омода накардани хабар ё мақолаи гузоришгарони коргару деҳқон, ки дар асл ба маънии бознависии комили матни омодакардаи онҳо буд, барои корманди нашрия метавонист, пайомадҳои нохуш дошта бошад.

Шояд ҳалли масъалаи ҳамкории журналистони се кишвар ва куллан журналистони форсизабон дар сартосари ҷаҳон ҳамин журнализми мардумӣ бошад. Сомонае ки ҳамагон ба он ҷалб шаванд ва барои он бинависанд. Шояд на ҳатман ба форсӣ, балки ба инглисӣ низ. Ва на танҳо бо шиъори он ки ҳамагон хабарнигоранд, балки бо шиъори эътирофи озодии иттилоъ ва дастрасии ҳамагон ба он?
XS
SM
MD
LG