Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маллоҳони бритониёӣ афв ва озод мешаванд


Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар нишасти хабарӣ дар Теҳрон гуфт, ҳамаи 15 сарбози бритониёӣ имрӯз афв ва озод хоҳанд шуд. Вай ин эълони ногаҳониро дар нишасти хабарӣ дар Теҳрон ба хабарнигорон расонд. Чанд лаҳза пеш аз ин суханон Аҳмадинажод гуфт, Эрон ба касе иҷоза нахоҳад дод, марзҳои давлатии онро вайрон кунад. Вай ҳамчунин аз сарбозу афсароне, ки дар боздошти маллоҳони бритониёӣ дар Халиҷи Форс ширкат кардаанд, ташаккур кард.


Нирӯҳои Эрон рӯзи 23-юми марти соли равон 15 сарбози бритониёиро ба ҳасб гирифтанд ва онҳоро дар вуруди ғайриқонунӣ ба ҳарими обии Эрон айбдор карданд. Бритониё ин иттиҳомро рад мекунад. Пеш аз оғози нишасти хабарии Аҳмадинажод иттилоъ мерасид, ки ду тараф ба нармиш майл кардаанд ва гуфтушунидҳо дар сатҳи болотарин оғоз ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG