Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби бозгардони "Хазинаи Ому" аз Бритониё


Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон гуфт, кишвари ӯ бояд аз Бритониё баргардонидани бозёфтҳои таърихии мавсум ба "Хазинаи Амударё"-ро талаб кунад.


Баъд аз ошноӣ бо шаҳраки бостонии Тахти Сангин воқеъ дар ноҳияи Қубодиён, раиси ҷумҳур бо донишмандони риштаи таъриху бостоншиносӣ сӯҳбат орост ва гуфт, ки Хазинаи Омударё бояд аз Осорхонаи Бритониё ба Тоҷикистон баргардонида шавад. Ин хазина, ки беш аз 170 порча ёдгориҳои қуруни 5 ва 4 и то милод, аз ҷумла, ҷавоҳирот ва кузаву муҷассамаву дигар маҳсулоти тиллоиву нуқрагинро дарбар мегирад, соли 1877 дар қаламрави феълии Тоҷикистон ошкор шудааст. Кишоварзони маҳаллӣ ин хазинаро ба тоҷирони бухороӣ ва онҳо дар навбати худ ин ганҷи бебаҳоро дар Ҳиндустон ба инглисҳо фурӯхтаанд.
XS
SM
MD
LG