Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои шашкаи Тоҷикистон


бо пирӯзии мизбонон ба анҷом расид. ки дар шаҳри Душанбе тӯли панҷ рӯз идома кард Мусобиқаи қаҳрамонии шашкаи Тоҷикистон байни наврасону ҷавонон

Сардовари ин мусобиқа Ҷонибек Сафаров ба радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо 24 нафар варзишгарони синнашон аз 10 то 20-сола аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат карданд.

Баҳодур Бойназаров, аз шаҳри Душанбе дар сабқати шашкабозони то 20-сола ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Намояндаи дигари пойтахти кишвар Алишер Асоев мақоми дувумро касб кард. Самандари Мирзоалӣ, аз вилояти Хатлон дар ҷойи севум қарор гирифт.

Дар сабқати духтарон низ варзишгари Душанбе Меҳрангез Алиева ғолиб омад. Сайлонбии Баҳодур, аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон дувум шуд. Сарвиноз Каримова, аз ноҳияи Рӯдакӣ ҷойи севумро азони худ кард.

Дар рақобатҳо байни наврасони то 14-сола Алишери Мӯъмин, аз Душанбе пирӯз гардид. Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев, аз шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҷойи дувум ва Хуршед Ҷамолов, аз Душанбе ҷойи севумро касб карданд.

Оқои Сафаров афзуд: «Ин навъи варзиш дар Тоҷикистон хеле маъруф аст. Шашкабозони тоҷик дар арсаи ҷаҳон шӯҳратманд гаштаанд. Аз ҷумла, Муродулло Амруллоев дукарат қаҳрамони ҷаҳон шудааст. Гулнора Ғоибова қаҳрамони ҷаҳон байни духтарон ва Ҷамшед Рустамов қаҳрамони Осиё байни ҷавонон мебошанд. Ва ин анъанаи неки варзишгарони номиро имрӯз наврасон идома медиҳанд.»

Воқиъан, ана ин хушхабар исботи гуфтаҳои оқои Сафаров мебошад.Варзишгари тоҷик Фирӯз Шарифов дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба шашка байни наврасони то 12-сола дар шаҳри Тошканд барандаи медали биринҷӣ гардид.

Абдусаттор Шодиев, мураббии дастаи мунтахаби вилояти Суғд бо эъломи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт: «Тоҷикистонро дар ин мусобиқа шашкабозони вилояти Суғд намояндагӣ карданд. Ва нахустин бор медали биринҷӣ насиби шашкабози навраси мо - хонандаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии шумораи 5-и шаҳри Исфара Фирӯз Шарифов шуд. Вай дар байни намояндагони 22 кишвари қораи Осиё мақоми севумро касб кард.»

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG