Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Юшенко гуфт, тасмимашро дигар намекунад


Раиси ҷумҳурии Украина Виктор Юшенко ба рақиби сиёсии худ нахуствазир Виктор Янукович гуфт, ки тасмими худ оид ба парокандашавии парлумонро дигар намекунад ва интихоботи навро моҳи оянда баргузор хоҳад кард.


Юшенко ин суханҳоро дирӯз, сеюми апрел зимни мулоқоташ бо Янукович баён кард. Вай як рӯзи қабл аз мулоқот нахуствазирро дар ҷалби ҷонибдоронаш ба тарафи худ муттаҳам кард ва фармони пароканда шудани парлумонро ба имзо расонид.


Янукович ин амалро чун "иштибоҳи мусибатомез" унвон кард ва ҳамроҳ бо ҳампаймонҳояш ба Додгоҳи олӣ шикоят бурд.


Бӯҳрони баамаломада вокунишҳои ҷомеаи байналмилалӣ - Русия, Иттиҳоди Аврупо ва ИМАро ба бор овард. Бӯҳрони мазкур ҳазорҳо нафарро ба хиёбонҳои пойтахт, шаҳри Киев кашонд ва тазоҳургаронро дар ду сангар - ҷабҳаи пуштибони Юшенко ва тарафдорони Янукович қарор дод.
XS
SM
MD
LG