Пайвандҳои дастрасӣ

Бритониё хостори гуфтушуниди мустақим бо Ирон шуд


Бритониё гуфт, бо ҳадафи озод шудани 15 дарёнаварди бритониёӣ дар иртиботи мустақим бо мақомоти Эрон қарор дорад.


Дафтари нахуствазир Тони Блэр гуфт, ки мақомот бо Алии Лориҷонӣ, раиси Шӯрои олии амнияти миллии Эрон сӯҳбат карданд ва ҳар ду ҷониб барои озодшавии маллоҳон дар зудтарин фурсат ва ҳалли билофосилаи ин бӯҳрон хоҳиши зиёд нишон доданд.


Дар изҳороте, ки аз ҷониби дафтари Блэр ба нашр расид, гуфта мешавад, ки Бритониё пешниҳоди музокироти мустақими дуҷонибаро барои ҳалли ин қазия кардааст ва мунтазири посухи Эрон ба сар мебарад.


Эрон мегӯяд, ки маллоҳони бритониёӣ ба таври ғайриқонунӣ ба ҳарими обии Эрон ворид шуданд, дар ҳоле, ки Бритониё ин гуна айбмониҳоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG