Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев низоми давлаташро тағйир медиҳад


Раиси ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев як фармонеро ба манзури ислоҳи низоми давлатии ин кишвар ба имзо расонд.


Дар ин фармон гуфта мешавад, ки як гурӯҳи корие иборат аз коршиносон, аъзои ҳукумат ва мухолифин ташкил шудааст, ки таҳти раҳбарии нахуствазир Алмос Отамбоев фаъолият хоҳад кард. Ин гурӯҳ бояд пешниҳоди баргузории ислоҳоти давлатиро ба раиси ҷумҳурӣ то 10 апрел ироа кунад.


Дар ҳамин ҳол, Қувватбек Байболов, як узви парлумон аз ҷумбиши "Барои ислоҳот" ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки вай аз номи мухолифин чанд рӯзи пеш ба раиси ҷумҳурӣ Боқиев тарҳи конститутсияи нави худро пешниҳод кардааст. Вай гуфт, ки ҳоло мунтазири посухи раиси ҷумҳурӣ мебошад.


Ду гурӯҳи муқтадири мухолифин чанде қабл пешниҳоди раиси ҷумҳуриро барои пайвастан ба эътилофи нахуствазир Алмос Отамбоев рад карданд. Дар узвияти ин эътилоф танҳо ду сиёсатмадори мӯътадил аз ҳизби сотсиал-демократ шомил ҳастанд.
XS
SM
MD
LG