Пайвандҳои дастрасӣ

Буш дар бораи сафари Пелоси ба Сурия


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, ки сафари раиси Маҷлиси намояндагон Ненси Пелоси ба Сурия аломатҳои омехта дорад, чунки талошҳоро барои дар инзиво гузоштани раиси ҷумҳурии Сурия Башор Асад ба ҳам мезанад. Буш рӯзи саввуми апрел дар Вашингтон, дар соатҳое сӯҳбат мекард, ки хонум Пелосӣ дар Димишқ сафари дурӯзаи худро оғоз карда буд. Буш гуфт:

"Имкони аксгирӣ ва ё мулоқотҳо бо раиси ҷумҳурӣ Асад ҳукумати Асадро ба он мутақоид мекунад, ки онҳо як бахши муҳими ҷомеаи байналмилалӣ ҳастанд, дар ҳоле ки онҳо давлати сарпарасти терроризм мебошанд. Дар асл онҳо ба ирсоли бошитоби ҷангиёни хориҷӣ аз Сурия ба Ироқ мусоидат мекунанд ва ё дасти кам ба ин ҷараёнҳо хотима намедиҳанд"

Раиси ҷумҳурии Амрико афзуд, ки то ҳол чандин мақомоти ИМ ва Аврупо бо Асад мулоқот анҷом додаанд, аммо то ҳол ҷаҳониён шоҳиди ҳеҷ як иқдоме нашуданд, ки барои ҳалли масоили Лубнону Ироқ равона шуда бошад. Пелосӣ гуфт, ки дидору гуфтугӯи вай бо мақомоти Сурия дар роҳи азсаргирии музокирот бо Димишқ як иқдоми муҳим аст. Қарор аст, вай имрӯз бо Башор Асад мулоқот кунад.

Раиси ҷумҳурии ИМА Ҷорҷ Буш гуфт, ки дар сурати идомаёбии бунбаст дар масъалаи маблағгузории ҷанги Ироқ, ки аз ҷониби Конгрес эҷод шудааст, артиши амрикоӣ ранҷ хоҳад бурд. Аъзои Конгресс ба таътили баҳорӣ рафта, қонун оид ба маблағгузории ҷангро бидуни тасвиб гузошт. Буш дирӯз аз Конгрес даъват намуд, ки тарҳи мазкурро бидуни таъйини таърихи хуруҷи нирӯҳо аз Ироқ ба тасвиб расонад.

"Бидуни тасвиби маблағҳои иловагӣ дар моҳи апрел мо маҷбур хоҳем шуд, ки аз чораҳои сахту бераҳмона кор мегирем, дар натиҷа, ин ба омодагии артиш таъсир гузошта сарбозон ва аҳли хонаводаҳои онҳоро бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ хоҳад кард. Дар ҳоле ки нирӯҳои мо дар майдони ҷанг мунтазири маблағ ба сар мебаранд, ин бемасъулиятии раҳбарияти демократии Конгресс аст, ки дар замони ҷанг барои моҳҳои пайи ҳам таъхир кунанд"

Ҳар ду палатаи парлумони Амрико тадбирҳои маблағгузории нирӯҳои амрикоиро дар Ироқу Афғонистон ба имзо расониданд. Дар айни замон онҳо аз Буш тақозо карданд, ки артиши Амрикоро аз Ироқ берун кашад. Қабл аз он ки ин тарҳи қонун ба Кохи Сафед фиристода шавад, бояд аз ҷониби Маҷлиси Намояндагон ва Сенат бознигарӣ мешуд. Буш гуфт, ки ҳама гуна қонунеро, ки таърихи хуруҷи нирӯҳоро навишта хоҳад кард, вето мекунад.
XS
SM
MD
LG