Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқ сари бунёди лӯлаи аврупоии нафт


Панҷ кишвари Аврупои Ҷанубӣ мувофиқа ҳосил намуданд, ки бунёди лӯлаи нафти аврупоиро дар ҳудуди 1400 километр, бо қимати 2-3,5 миллиард доллари амрикоӣ ба роҳ монанд.

Лӯлаи мазкур бандари баҳри Сиёҳи шаҳри Константаи Руминияро бо Триестаи Итолиё пайванд хоҳад дод.

Эъломияи мазкур ахиран дар шаҳри Загреб аз ҷониби мақомоти Руминия, Сербистон, Хорватия, Словения ва Итолиё ба имзо расид.

Хабарнигорон чунин иқдомро чун талоши Аврупо барои гуногунсозии роҳҳои дастрасӣ ба захоири энержӣ, бо ҳадафи коҳиши вобастагии Аврупо аз Русияву Ховари Миёна арзёбӣ карданд.

Қарор аст, корҳои сохтмони лӯлаи нафтӣ соли 2012 ба анҷом расад.

Захоири энержиро барои ин лӯла Аврупо аз Қазоқистону Озарбойҷон харидорӣ хоҳад кард. Ин роҳ инчунин метавонад барои интиқоли захоири газ низ истифода шавад, мегӯянд мақомоти аврупоӣ.
XS
SM
MD
LG