Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоир ва вакил - ҳомии забони тоҷикӣ дар реклама


Гулназар Келдӣ, шоир, муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди як тарҳи ҷадид роҷеъ ба масъалаи забони реклама, хостори ворид намудани тағйирот ба ин қонун шудааст.

Ба қавли Гулназар Келдӣ, агарчӣ дар қонуни Тоҷикистон дар бораи реклама гуфта шудааст, ки навори таблиғ ё матни он бо забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ сурат гирад, вале дар амал рекламаҳо ба забонҳои дигар: русӣ ва англисӣ нашр мешаванд. Дар қонуни рекламаи Тоҷикистон ин ишора ҳаст, ки дар ҳолати зарур ва тақозои фармоишгар имкони нашр ба забонҳои дигар ҳаст, аммо ин хеле маҳдуд мебошад. Шоир ва вакил мегӯяд, аз он норозист, ки аксари рекламаҳо дар Душанбе барғалат ва бе риояи меъёри забони тоҷикӣ навишта мешаванд, ки ин бархилофи қонун аст.

Ӯ мегӯяд, набуди муқаррарот барои забони тоҷикӣ дар нашри реклама ва набуди муҷозот дар сурати бепарвоӣ нисбат ба забони давлатӣ имкон намедиҳад, ки забони тоҷикӣ ҳангоми истифодаи реклама бартарии қонунӣ дошта бошад.

Феълан, дар Душанбе ҳудуди 10 ширкати дохилӣ ва хориҷӣ ба рекламасозӣ машғуланд ва бозори рекламаи Тоҷикистон ба 10 миллион доллари ИМА баробар будааст.
XS
SM
MD
LG