Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафири Бритониё: "Мардум ҳаққи интихоб надошт"


Сӯҳбати Фирӯз Баротов бо сафири Бритониё дар Тоҷикистон Грем Лотен

-Ҷаноби сафир, шумо рафти интихоботи ахири миёндаврии Тоҷикистонро назорат доштед. Бигӯед, ки бардошти шумо аз ин маъракаи сиёсӣ чӣ гуна аст?

-Мо як гурӯҳи намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ қарор додем, ки ҷараёни интихоботи миёндавриро дар ҳавзаҳои Душанбе, Кӯлоб ва Ҳамадонӣ назорат кунем. Шахсан ман ба унвони нозири байналмилалӣ дар қитъаҳои райъдиҳии ҳавзаи Кӯлоб будам. Бардошти умдаи мо аз ин интихобот ин аст, ки интихобот бо таваҷҷӯҳи андаки аҳолӣ доир гардид. Дар ду ҳавзаи интихоботӣ танҳо номзадҳо аз ҲХДТ пешбарӣ шуданд ва аммо мутаассифона, номзад аз ҲНИТ аз ҳаққи ширкати худ даст кашид. Дар маҷмӯъ, интихобот дар фазои ором баргузор гардид ва қонуншиканиҳои зиёде ба назар нарасид. Аммо буданд ҳолатҳое, ки боз ҳам як нафар ба ҷойи аъзои хонавода, яъне ба ҷойи 8- 9 нафар овоз медод, ки ин, албатта, нодуруст аст ва фикр мекунам, ин мерос аз интихоботҳои қаблии кишвар аст.

- Ҷаноби сафир дар интихоботе, ки чанд моҳи қабл дар ноҳияи Қубодиён баргузор шуд, шумо як мавриди ба ҷойи 15 нафар раъй додани як нафарро мушоҳида карда будед. Ин бор ҳам чунин иттифоқе ба мушоҳидаи шумо расид?

-Шахсан ман худ ин навбат надидам, ки як нафар ба ҷойи беш аз 10 нафар овоз дода бошад. Ҳарчанд як ҳамкорам мегӯяд, ки дидааст, ки чигуна як мард якбора 20 варақаи овоздиҳиро ба сандуқ мепартофт. Ин бисёр аҷиб аст ва аз он дарак медиҳад, ки дигар аъзои оила ҳуқуқи овоздиҳӣ надоранд. Ин як кори мухолифи усули интихобот аст, ки ба ҳар як нафар ҳаққи танҳо як бор раъй доданро қоил аст.

-Шумо гуфтед, ки мардум ба интихобот таваҷҷӯҳи кам нишон медиҳанд. Иллат чист, ба назари шумо?

-Мо шунидем, ки маъракаи тарғиботӣ сурат гирифта ва номзадҳо бо аҳолӣ мулоқотҳо анҷом додаанд ва ба ҳар сурат, якчанд варақаи тарғиботии номзад аз ҳизби халқӣ-демократиро дидем. Ман сабабашро намедонам, аммо далел ин аст, ки аксари мардум аз баргузории интихобот ҳатто хабар надоштанд.

-Ҷаноби сафир, ба назари шумо, интихоботҳо дар Тоҷикистон то куҷо демократӣ сурат мегиранд?

-Агар мо дар бораи интихоботи ахир сӯҳбат кунем, ҳамагӣ як номзад боқӣ монда буд ва рақиб надошт. Ҷиддитар аз ҳама, мардум бидуни ҳаққи интихоб намонд. Албатта, ин чандон демократӣ нест. Ман боз ҳам афсӯс мехӯрам, дар кишваре, ки 8 ҳизби сиёсӣ амал мекунад, 7 ҳизб номзади худро пешбарӣ накард. Чунин амр барои ҳаёти демократии кишвар хеле бад аст.

-Аммо ба ҳар сурат, вуҷуди мушкилоти сиёсӣ дар роҳандозии маъракаҳое ба мисли интихобот ва ҳамин тавр, масъалаи ҳуқуқи башар оё ба вазъи равобити Бритониё бо Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?

-Оид ба мушкилот, вақте, ки ман бо одамон сӯҳбат мекунам, онҳо ғолибан дар бораи норасоии барқу газ ва ё мушкилот дар мактабҳову бемористонҳо сӯҳбат мекунанд ва фикр мекунам, барои ҳукумат ҳалли ин масъалаҳо муҳимтар аст. Он чи ки ба ҳамкории Бритониёву Тоҷикистон марбут аст, мо ин ҷо чун шарикони Тоҷикистон ҳузур дорем, ки дар соҳаҳои мухталиф, рушди иқтисод ва ҷараёни демократикунонӣ, рушди ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ғайра кӯмак кунем.

-Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки Бритониё, Амрико ва дигар кишварҳои абарқудрат нисбат ба кишварҳои фақир муносибати дугона доранд. Яъне, дар ивази кӯмакҳое, ки ба ин кишварҳо мерасонанд, ҳалли мушкилоте ба мисли риояи усули демократия ва эҳтироми ҳуқуқи башарро аз ин кишварҳо камтар талаб мекунанд. Назари шумо чист?

- Барои мисол, ман қарор додам, ки рӯзҳои истироҳатро дар Кӯлоб ҳамчун нозири байналмилалӣ гузаронам ва хостам, ки дар бораи вазъи сиёсӣ дар ин кишвар итиллоъи бештар дошта бошам. То ин ки ҳангоми гуфтугӯҳо бо ҳукумати ин кишвар ва вазоратҳо иттилоъи бештар ироа кунам ва бо ин роҳ ба раванди демократия низ таъсир гузорем. Ва мусаллам аст, ки якбора намешавад ин ҳама масоилро ҳалл кард.

- Ташаккур, ҷаноби сафир
XS
SM
MD
LG