Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ аз интихоботҳо дилсард шудааст


vr

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ҳизбаш дар интихоботи миёндаврии Маҷлиси намояндагон дар моҳи май ширкат намекунад.


Кабирӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, интихоботҳои баргузоршуда аҳзоби сиёсиро то ҳадде ноумед кард ва эҳтимол дорад, ҲНИТ дар интихоботи миёндавраи моҳи май ширкат накунад вале ба ҳар ҳол тасмими ниҳоиро Шӯрои сиёсии ҳизб хоҳад гирифт. Қарор аст, рӯзи чаҳоршанбе, 4 апрел нишасти Шӯрои сиёсии ҲНИТ баргузор шавад.


Ва аммо дар ҳамин ҳол, кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон рӯзи баргузории интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи ноҳияи Ёвон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро ба 20 май таъин кард. Пас аз вазифаи давлатӣ гирифтани вакилони ин ҳавзаҳо, онон холӣ шуданд. Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсиии Тоҷикистон гуфт, пешбарии номзадҳо ба ин ду ҳавза аз 31 март то 15 апрел идома мекунад. Ва аз 14 апрел сабти номи номзадҳо шурӯъ хоҳад шуд.


Ва аммо дар ҳоли ҳозир, ба ҷузъ ҲХДТ, ҳафт ҳизби дигари расмӣ ҳанӯз омодагии хешро барои пешниҳоди номзад эълон надоштаанд. Мӯсо Асозода, раиси дафтари ҲХДТ гуфт, дар ҳоли ҳозир, ин ҳизб роҷеъ ба он баҳс дорад, ки киро ба ин ду ҳавза пешниҳод кунанд.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG