Пайвандҳои дастрасӣ

"Регар" ТадАЗ - пешсафи мусобиқоти дастаҳои лигаи олӣ


Тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дастаи мизбон - «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо натиҷаи 3 бар 0 шикаст дод. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳузури беш аз 10 ҳазор тамошобин сурат гирифт. Маъруф Рустамов дар дақиқаи 15-уми дидор ҳисобро боз кард. Баъди даҳ дақиқа голи дувуми «Регар» ТадАЗ-ро Иброҳим Рабимов ба ҳадаф расонд. Вай голи севумро низ даҳ дақиқа пеш аз хотимаи бозӣ ба дарвозаи мизбонон ворид сохт.

Дар ду бозии дигари даври дувуми мусобиқот CSKA «Помир»-и Душанбе дар меҳмонӣ бар «Саройкамар»-и Панҷ ва «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар «Хима»-и Душанбе бо натиҷаи якхелаи 2 бар 1 ғалаба карданд. Бозии тими мизбон - «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо «Энергетик»-и Душанбе бо натиҷаи 1 бар 1 хотима ёфт.

Вале дидори ду тими Душанбе - «Гвардия» ва «Динамо» ба иллати вазъи бади майдони бозии варзишгоҳи «Автомобилист» ба рӯзи чоршанбеи чаҳоруми апрел мавқуф гузошта шуд. Ҳамчунин боз як бозии мавқуфмондаи даври аввали мусобиқот миёни дастаҳои «Динамо» ва «Вахш» рӯзи 11-уми апрел барпо мегардад.

Бино ба иттилоъи масъулини Федеросиюни футболи Тоҷикистон дастаи «Ҳосилот»-и Данғара аз ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни тимҳои лигаи олӣ даст кашид, бинобар ин шумораи ширкаткунандагони мусобиқот ба як адад коҳиш ёфт ва имсол 11 даста барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд.

Дар айни ҳол тими «Регар» ТадАЗ бо 6 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. Дастаи «Энергетик» бо 4 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад.

Бозиҳои даври севум рӯзҳои 7-уму 8-уми апрел баргузор мешаванд.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG