Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯгоҳи хурди обӣ - роҳи ҳалли мушкили барқ


Чунин - як нерӯгоҳи кӯчаки худсозро Луқмон Аҳмадов - сокини деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, воқеъ дар канори Хуҷанд дар наҳри зодгоҳи худ бунёд кардааст.

Оби наҳри кӯчак дар пеши назар бо ҷӯяи оҳанӣ бо суръат поин мерезад ва чарҳро ба ҳаракат медарорад. Ва дар пеши назар... барқ тавлид меёбад. Бо ин кор вай муваффақ шуд, дар ҳоле ки сокинони Суғд аз бебарқӣ ранҷ мебаранд, хонаҳои худу ҳамсоягонашро чароғон гардонад. Луқмон дар бораи неругоҳи худсохташ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин нақл мекунад : «Иқтидори тавлидотии ин нерӯгоҳ 7 килаватт / соат аст. Қуввати оби наҳр ҳам ба ҳамин қадар мерасад. Акнун ба 14 манзили ҳемдеҳагон барқ медиҳад. Барои рӯшан кардани чароғҳову телевизиору радио, аммо барои гармидиҳандаҳо зӯраш намерасад.»

Луқмон Аҳмадов афзуд, ки набуди барқ, дидани манзилҳои торик ва наҳраки пуроб зеҳни ӯро такон дод, то ба бунёди нерӯгоҳи обии барқ камар бандад ва мушкили бебарқиро барои худу ҳамсояҳояш поён бахшад. Шояд гумон кунед, ки ӯ як мутахассиси соҳаи энержист? Не, чунин нест. Луқмони чиҳилсола, ба гуфтаи худаш, аслан маълумоти ихтисосие надорад ва коре, ки мекунад, аз рӯи шавқ асту худомӯзӣ :
«Касби аслии ман колхозчигию каландзанӣ, обронӣ мекунам. Вале як касби устоӣ ҳам дорам, ки тунукабурӣ аст. Аммо баъзе корҳои техникӣ ҳам аз дастам мебиёд, барои ҳамин ин нерӯгоҳро сохтам.»

Аз ӯ пурсидам, ки ин нерӯгоҳро чӣ тавр ва бо истифода аз чӣ сохтааст?
«Якум, чархи трактор, ду редуктор: як ба бист ва як ба поздаҳ, як печ ё ки «шестеренка», дувоздаҳ метр лӯлаи оҳанин. Яъне, ки ин як механизми оддӣ. Фақат барои сохтани ин ҳиммат ва ҳаракат даркор, дигар ҳамааш мешавад.»

Луқмон Аҳмадов нурӯгоҳи хурди обии барқро дар маҳали зисти худ бо сарфи камобеш як ҳазор доллари амрикоӣ бунёд кардааст. Бо ин роҳи ба назар оддӣ вай дар давоми фасли зимистон хонаҳои худу ҳамсоягонашро рӯшан кард. Ҳамсояҳояш аз ӯ бо меҳру миннатдорӣ сухан мекунанд :
«Мо хеле хурсанд, ки ҳамдеҳаи мо чунин як ташаббус нишон дод. Вақте ки дар тамоми Хуҷанд барқ нест, дар хонаҳои мо барқи доимӣ ҳаст. Ман боварӣ дорам, ки сокинони дигар маҳалҳои Суғд ҳам танҳо ба умеди давлат нашуда, чунин нерӯгоҳҳо хоҳанд сохт ва мушкили бебарқиро ҳал хоҳанд кард.»

Худи Луқмон Аҳмадов ҳам мегӯяд, бо роҳи бунёди чунин нерӯгоҳҳои кӯчаки обии барқ мушкилоти бебарқиро дар маҳалҳои Суғд ва манотиқи дигари Тоҷикистон метавон то андозае коҳиш дод. Бисёр маҳалҳои Суғд, махсусан мавзеъҳои кӯҳистон ҷӯйбору рӯду наҳрҳои мувофиқ ба тавлиди барқ дорад. Масалан: «Дарозии ҳамин наҳри Унҷӣ - 6 киламетр. Дар ин ҷо 10 неругоҳи хурд сохтан мумкин. Аз моҳи октябр, ки наҳр пуроб мешавад, нерӯгоҳҳои иқтидораш то 60 - 65 киловатт / соатро дар ин ҷо ба кор даровардан мумкин. Ин ба рӯшан кардани 50 - 60 хона мерасад.»

Луқмон Аҳмадов афзуд, ки ҳукумати маҳаллӣ дар бунёди нерӯгоҳи нав ба вай ваъдаи додани маблағ кардааст. Як созмони хориҷӣ низ гуфтааст лоиҳаи нави вайро маблағгузорӣ хоҳад кард. Ӯ мегӯяд, роҳҳои берунрафт аз мушкили бебарқӣ дар Тоҷикистон ҳаст, танҳо барои ин қадри оби равонро донистан ва аз он истифода карда тавонистан лозим аст.
XS
SM
MD
LG