Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА нирӯҳои сиёсии Укроинро ба риояи оромӣ даъват дорад


ИМА аз нирӯҳои рақиби Украина даъват намуд, ки дар шароити бӯҳрони сиёсии кишварашон оромиро риоя намуда ҳарфи қонунро эҳтиром кунанд.


Сухангӯи Вазорати умури хориҷа Скот Маккормак дар як изҳороте гуфт, ки ИМА аз ҳамаи раҳбарони гурӯҳҳои сиёсӣ даъват мекунад, ки барои амалкарди пуштибононаш масъулияти пурра дошта бошанд.


Дар изҳорот омадааст, ки ИМ аз наздик вазъи ин кишварро мушоҳида мекунад ва ба ҳалли бидуни хушунати низоъ дар чаҳорчӯби арзишҳои демокративу манфиатҳои миллии Украина даъват мекунад.
XS
SM
MD
LG