Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумониҳои ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд


Имрӯз, (сеюми апрел) дар Душанбе нишасти навбатии кумиссиюни доимии Маҷмаи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил доир мешавад.


Бо ин ҳадаф дирӯз як ҳайати намояндагии ин кумиссиюн оид ба иқтисоду молия бо сафари панҷрӯза ба Тоҷикистон омад. Дар чаҳорчӯби боздид аъзои ин кумиссиюн қарор аст бо раиси парлумони Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ва кумитаи оид ба иқтисоду буҷа ва дороиву молиёти Маҷлиси намояндагон дидору мулоқот анҷом диҳанд.


Ба иловаи ин, ҳайати Кумиссиюни доимии Маҷмаи байнипарлумонӣ бо фаъолияти Бонки миллӣ ва Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон шинос хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG