Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нирӯгоҳи Бойғозӣ барои 26 соат "истироҳат" мекунад


Қарор аст, сар аз имрӯз кори нирӯгоҳи Бойғозӣ барои 26 соати оянда мутаваққиф гардад.


Дар ин бора нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҳангоми мушовараи ситоди сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯда-1 эълом кард.


Ба гуфтаи нахуствазир, тасмими боздоштани кори нирӯгоҳи Бойғозӣ тибқи дархости қотеъонаи масъулини сохтмони нирӯгоҳ сурат мегирад.


Нирӯгоҳи Бойғозӣ, ки 22 сол муқаддам мавриди истифода қарор гирифтааст, нирӯгоҳи чаҳорум дар болооби рӯди Вахш буда, қудрати тавлиди дуюним миллиард киловот соат нируи барқ дар як солро дорад. Ин нирӯгоҳ асосан ҷануби Тоҷикистонро бо барқ таъмин мекунад.
XS
SM
MD
LG