Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати беш аз панҷоҳ нафар дар як шабонарӯз дар Ироқ


Тайи шабонарӯзи гузашта дар саросари Ироқ бар асари хушунатҳо 56 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин афрод дар пайи таркишҳои интиҳорӣ, инфиҷори мошинҳои бомбгузоришуда ва бар асари таркиши хумпора ба ҳалокат расиданд.


Илова ба ин, дирӯз ҷасадҳои баъзе мардоне ошкор шуд, ки рӯзи 1 апрел аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳ рабуда шуданд. Куллан дар ин ҳодиса 19 нафар ба гарав гирифта шуданд. Дирӯз инчунин як сарбози бритониёӣ ба ҳалокат расид.


Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳои ҷудогона, гуфта мешавад, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар саросари Ироқ 18 хабарнигори ироқӣ кушта шуда 19 нафари дигар аз ҷониби ҷангиён ба гарав гирифта шуданд.


Дар ҳамин ҳол, Пентагон гуфт, ки нӯҳ ҳазор нирӯҳои навбатии худро ба Ироқ мефиристад, дар ҳоле ки нисфи ин ҳайат пеш аз мӯҳлат ба майдонҳои ҳарб фиристода мешаванд. Ҳадафи чунин иқдом кӯшиши мусоидат дар таъмини амнияти Бағдод буда, интизор меравад, ки фаъолияти онҳо ҳадди аққал то моҳи август идома хоҳад кард. Бо ҳадафи таҳти назорат гирифтани вазъи амниятӣ ва хатми хушунатҳо дар Ироқ Пентагон ба қароре расид, ки шумори нирӯҳои иловагиро дар ин кишвар то 30 ҳазор нафар афзоиш диҳад.
XS
SM
MD
LG