Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ненси Пелоси бо умед ба Димишқ меравад


Ненси Пелоси, раиси маҷлиси намояндагони Амрико, ки бо як сафари корӣ аз Бейрут дидан мекунад, гуфт, ки алорағми мухолифатҳои Кохи Сафед ба мулоқоти муҳими Сурия дар ҳафтаи ҷорӣ бо умед менигарад.


Маъмурияти Буш сафари Пелосиро ба Ховари Миёна, ба хотири ин ки бояд дар ҷараёни он фардо ба Сурия сафар кунад, танқид кардааст.


Боздиди вай аз сафари Исроил шурӯъ шуд. Аммо Пелоси, ки ҳайати парлумонии Амрикоро раҳбарӣ мекунад, дирӯз дар Бейрут дар баробари хабарнигорон гуфт, ки умедвор аст, дар ҷараёни мулоқоташ бо мақомоти Сурия ба пешравиҳо даст хоҳад ёфт. Пелоси гуфт, ки дар ин дидору гуфтугӯҳо оид ба пуштибонии Сурия аз гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон сӯҳбат карда инчунин мавқеи Димишқро оид ба пуштибонӣ ва ё мухолифаташ дар ҷанги зиддитеррори Амрико суол хоҳад кард.


Дирӯз раиси палатаи поёнии Конресси Амрико инчунин бо нахуствазири Лубнон Фуад Синора мулоқоте анҷом дод.
XS
SM
MD
LG