Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони дарёии Бритониё дар обҳои чӣ кишваре боздошт шуданд?


Минтақа боздошти сарбозони дарёии Бритониё оброҳаи руди Шотулараб аст ва борика ё гулугоҳест, ки обҳои рудхонаи Даҷла ва Фурот дар он ҷо ба халиҷи Форс мерезад. Ин минтақаи марзи обӣ муддатҳои тулонӣ мавзуъи музокирот ва ҳатто боъиси ҷанги миёни Эрону Ироқ шуддааст. Масалан, соли 1980 Саддом Ҳусейн-раиси ҷумҳури вақти Ироқ зимни суханронии телвизюнии худ қарордоди дуҷонибаи соли 1975-ро ботил эълон кард, ки баътар боъиси оғози ҷанги 8-солаи Эрону Ироқ шуд.


То ҳол коршиносони байналмилалии дарёӣ қарордоди соли 1975-ро эътироф мекунанд ва бар ин ақидаанд, ки ба таври рамзӣ хати обие бояд таъин шавад, ки дастикам то рузи таъйини марзи дақиқи обии миёни ду кишвар марзи рамзӣ бошад. Бритониё пофишорӣ дорад, ки сарбозони дарёиаш дар қисмати ғарбии обҳои Халиҷи Форс, яъне дар қаламрави обии Ироқ боздошт шудаанд. Чарлз Стайл-муовини раиси ситоди дифоъи Бритонё чунин мегуяд:


"Паёми аслии ман рушан аст. Сарбозони дарёии мо ба иҷрои вазоифи қонунии худ тибқи қатъномаи Шурои Амнияти СММ ва бо ҷонибдории ҳукумати Ироқ ба гашт машғул буданд. Бархурди Эрон, ки одамони моро боздошт ва зиндонӣ кардааст, далел надорад ва иштибоҳ мебошад. ба ҳамин сабаб ин ҳодиса боъиси нигаронии амиқи мо шудааст".


15 сарбози Бритониёӣ замоне боздошт шуданд, ки аз киштии худ савори қоиқҳои ластикӣ ё резинӣ шуданд ва дар минтақа машғули гашти маъмулӣ буданд. Яке аз қоиқҳои ластикӣ аз тариқи системи мухобиротии моҳвораӣ бо киштӣ иртибот дошт ва дар бораи маҳали буду боши қоиқҳо бо киштӣ радду бадал мекард.


Вале ҷониби Эрон мегуяд, дастгоҳе, ки дар яке аз қоиқҳо насб шуда буд, маҳали буду боши қоиқро дар ҷои дигаре нишон медиҳад, ки он аз маълумоти пешниҳодкардаи Бритониё фарқ дорад. Минтақаи боздоштеро, ки Эрон ба Лондон пешниҳод кардааст, Ироқ ҳам онро қаламрави обии худ медонад.


Теҳрон сарсахтона ба таблиғи эътирофоти сарбозони боздоштшудаи Бритонё такя мекунад, ки гуё онҳо гуноҳи худро дар бораи вурудашон ба обҳои Эрон эътироф кардаанд:


"Албатта, ман мехоҳам ба мардуми Эрон бигуям, ки ман мефаҳмам, шумо аз вуруди мо ба обҳоятон хашмгин шудаед".


Ин суханони Феликс Кармен-лейтинанти бритониёӣ рузи якшанбе аз тариқи телвизюни давлатии Эрон пахш шуд. Феӣ Тоурней-яке дигар аз ин сарбозон ва ягона зан низ эътироф кардааст, ки онҳо марзи обиро гузаштаанд. Вай гуфт, эрониён бо онҳо муносибати дустона доранд ва онҳоро меҳмоннавозӣ мекунанд. Ба гуфтаи вай, касе ба онҳо таҳдид накардааст ё озор ҳам надодааст.


Аммо Бритониё мегуяд, Эрон аз ин сарбозони бритониёӣ суистифода мекунад ва ҳар гоҳ онҳро ба сафҳаи телвизюн мекашад, то маҷбур созад, ки онҳо ҳарфҳои ғайривоқеъиро бигуянд. Ирон бо чунин рафтори худ мехоҳад, ки Бритониё барои ба истилоҳ чунин иштибоҳ аз Ирон ба таври расмӣ танҳо узрхоҳӣ кунад. Аммо Амрико мегуяд, ки мумкин аст, Эрон задубанди дигареро дар сар дошта бошад ва радду бадали панҷ эронии дар Ироқ боздоштшударо бо ин сарбозон бихоҳад, ки он ғайримумкин аст.
XS
SM
MD
LG