Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни мунтазири кӯмакпулӣ


Ибодати Неъматзода

Донишҷуёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мегӯянд, беш аз панҷ моҳ аст, кӯмакпулияшонро нагирифтаанд. Ҳол он ки ба гуфтаи Марҷона ном донишҷӯи Донишгоҳи Хуҷанд, аксари донишҷуён мӯҳтоҷ ба стипендия ҳастанд: «Мо, донишҷӯён охирин бор моҳи октябр кӯмакпулӣ гирифта будем. Албатта, ин кам мебошад, агар ки саривақт кӯмакпулии донишҷӯёнро пардохт намоянд, мо донишҷӯён метавонем аққалан роҳкирои худро таъмин намоем».

Чизи дигаре, ки боиси нигаронии донишҷӯён гаштааст, ин ки кӯмакпулии донишҷӯён аз ҷониби раёсати Донишгоҳ пурра пардохт намешавад. Тибқи иттилоъи раёсати Донишгоҳи Хуҷанд, барои донишҷӯёни аълохон 36 сомонӣ ва донишҷӯёне, ки бо баҳои 4 ва 5 мехонанд, 25 сомонӣ кӯмакпулӣ муқаррар шудааст. Аммо мусоҳиби навбатии мо, Малика, донишҷӯи Донишгоҳи Хуҷанд мегӯяд, ки вай гирандаи кӯмакпулии президентӣ мебошад, вале беш аз ҳафт моҳ мешавад, онро нагирифтааст : « Мо бояд, ки ҳар моҳ 36 сомонӣ гирем, лекин ба моҳ 27 сомонӣ стипендия медиҳанд, якбора 2 моҳ ва 3 моҳро якҷоя медиҳанд боз он барои мо басандагӣ намекунад.»

Бештари донишҷӯёни макотиби олии вилояти Суғд аз ноҳияҳои дурдаст мебошанд. Ва аксари онҳо дар иҷора мешинанд. Онҳо мегӯянд, ки имконоти молии хонаводаии бархе аз донишҷуён иҷоза намедиҳад, маблағи иҷораро аз ҳисоби худ пардохт намоянд, инчунин ҳамарӯза беш аз 1 сомонӣ сарфи роҳкиро созанд. Мусоҳиби дигари мо, ки аз гуфтани ном ва ҷои таҳсили худ худдорӣ варзид, дар ин бора меафзояд: « Ман дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мехонам, панҷ моҳ пеш стипендия гирифта будем, то ҳол нагирифтаем. Масалан гуфтанд, ки стипендия бисёр шуд, роҳкиро ҳам баланд шуд бо ҳамин студент на маблағи иҷораро пардохта метавонаду на роҳкирояшро»

Ба ҳамин тариқ, ба гуфтаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, саривақт напардохтани стипендия ба донишҷӯён аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба ҳукми як одати маъмулӣ даромадааст. Вале ба назари коршиносони маҳаллӣ, ба ин худи донишҷӯён низ гунаҳкоранд, зеро ба ҷое шикоят намебаранд. Ҳангоме ки дар боғи ба истилоҳ донишҷӯён, воқеъ дар маркази Хуҷанд, бо донишҷӯён сӯҳбат доштам, як донишҷӯ ба ҳамсабақонаш аз гирифтани кӯмакпулии навбатӣ хабаре овард ва гуфт, ки акнун чанд муддат аз пиёда гаштан озод мешаванд.
XS
SM
MD
LG