Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарма дар Ҷиргатол ҷони ҳашт узви як хонадонро рабуд


Ҳашт узви як хонавода дар деҳаи Тарталойи ноҳияи Ҷиргатол рӯзи якуми апрел зери тарма монда ҷони худро аз даст додаанд.


Хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Рашт Маҳмуди Шодӣ бо такя ба манобеъе дар идораи Кумитаи ҳолоти изтирорӣ дар минтақа гуфт, аз ин хонавода танҳо падари хонадон зинда мондааст.


Фоҷеа субҳи барвақт рух дода ва хонадонро дар ғафлат гирифтааст.


Хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Рашт ҳамчунин гуфт, бар асари боронгариҳои чанд рӯзи ахир, ҳамчунин дишаб дар ноҳияи Тавилдара чанд симчӯби барқ ва як пул хароб шудаанд.
XS
SM
MD
LG