Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои ҷавони камонварии Тоҷикистон


B> Нарзуллоҳи Латиф< Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи камонварӣ байни ҷавонон, ки бо ширкати 40 варзишгар дар шаҳри Душанбе тӯли се рӯз идома кард, ба анҷом расид.

Дар сабқати дастаӣ шогирдони мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ байни духтарон ва намояндагони мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ байни ҷавонмардон мақоми аввалро касб карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ аз рӯи ҷамъбасти тирандозӣ ба масофаи 70 метр байни ҷавонмардон Рустам Маҳмудов ғолиб омад. Алишер Раҷабов дар мақоми дувум ва Манучеҳр Бадалов дар мақоми севум қарор гирифтанд. Фотима Тағоева дар сабқати духтарон пирӯз шуд. Азизаи Фарзона ҷойи дувум ва Зӯҳро Тағоева ҷои севумро азони худ карданд.

Наргис Набиева, сардори раёсати варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин мусобиқа мо ҳайати дастаи мунтахаби кишварро муайян кардем, ки пас аз як моҳ шарафи Тоҷикистонро дар мусобиқаи байнулмилалии камонварӣ дар шаҳри Анталияи Туркия ҳимоя хоҳад кард.»


Хабари дигар барои ҳаводорони шатранҷ. Атовулло Бобоев дар конфронси ҳисоботию интихоботии Федеросиюни шоҳмоти Тоҷикистон, ки рӯзи шанбеи 31 март дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, раиси ҷадиди ин федеросиюн интихоб гардид.

Вай дар ин вазифа Ёралӣ Кукузовро иваз намуд. Атовулло Бобоеви 44-сола раҳбари Ҷамъияти саҳҳомии «Бӯстон», ки дар натиҷаи овоздиҳии пӯшида нисбат ба рақибаш Зафар Мирзоев ҳамагӣ як раъй бештар гирифт, муддати чаҳор сол ба ҳайси раҳбари Федеросиюни шоҳмоти Тоҷикистон адои вазифа хоҳад кард.

Ҷаноби Бобоев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: «Мо барои солҳои 2007-2010 барномаи рушди шоҳмотро дар Тоҷикистон тарҳрезӣ кардаем, ки минҷумла бар асоси он баргузории мусобиқоти мухталиф миёни кӯдакону наврасон, ҷавонону бузургсолон ва ширкати беҳтарин шатранҷбозони кишвар дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар назар аст. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар ҷумҳуриамон ба мисли гроссмейстери байнулмилалӣ Фаррух Амонатов устодони варзидаи шоҳмот ба камол расанд.»

Ҷаноби Бобоев афзуд, ширкати шатранҷбозони тоҷик имсол дар якчанд мусобиқоти байнулмилалӣ дар назар аст. Аз ҷумла, дастаи мунтахаби кишвар моҳҳои май - июн дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни наврасону ҷавонони аз 16 то 18-сола дар шаҳри Тошканди Узбакистон иштирок хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG