Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ҲХДТ дар интихоботи миёндавраӣ


Бино бар натоиҷи муқаддамотӣ, дар интихоботи миёндаврии порлумонӣ дар се ҳавзаи интихоботии Тоҷикистон номзадҳои Ҳизби халқӣ-демократӣ пирӯз омаданд.


Бо пас гирифтани номзадии намояндаҳои ҲНИТ интихобот дар ҳавзаҳои ноҳияи Фирдавсии пойтахт ва дар шарҳи Кӯлоб бидуни алтернатив баргузор шуд.


Бад-ин тартиб, аз ҳавзаи ноҳияи Фирдавсии Душанбе Муҳаммадалӣ Ватанов - собиқ ноиби раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, аз ҳавзаи шаҳри Кӯлоб Ҳумдин Шарифов - собиқ вазири умури дохилаи кишвар ва аз ҳавзаи ноҳияи Ҳамадонӣ Сафаралӣ Гулов, раиси ин ноҳия барандаи интихобот эълом шуданд ва ҳамакнун, курсиҳои холишудаи порлумонро ишғол мекунанд.


Ин интихоботи миёндавраӣ дар пайи як силсила тағйироти кадрӣ, ки бархе аз вакилон ба мансабҳои давлатӣ таъин гардиданд, баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG